Матраимов барои нақшаи фасодкорияш $3 ҳазор ҷарима шуд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимовро дар фасодкорӣ айбдор эълом ва 260 ҳазор сом ($3 ҳазор) ҷарима кард. Ҳукми додгоҳ дар як мурофиа эълом шуд.

Ҳамчунин қарори ҳабси дороиҳои Матраимов, аз ҷумла хонаҳояш дар шаҳри Бишкеку Ӯш, вилояти Иссиқкӯл ва ҳисобҳои бонкияш бекор шуд.

Худи Матраимов гуноҳро ба гардан гирифта, гуфт, бо муфаттишон ихтиёрӣ ҳамкорӣ кард. Матраимовро барои он танҳо 260 ҳазор сом ҷарима карданд, ки ӯ пештар ба давлати Қирғизистон 23,6 миллион доллар ҷуброни зарар аз фасодкорияшро пардохт кардааст.

Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби “Раим миллион” низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.

Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро “ғайриқонунӣ” аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

Баъди нашри таҳқиқот зидди Матраимов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯ ва наздики 40 мансабдори Хадамоти гумруки Қирғизистон дар ташкили нақшаи коррупсионии даромади пинҳонӣ аз мақомоти гумрук айбдор шуданд. Матраимов ҳангоми бозпурсӣ ваъда карда буд, ки зарари расонидаро дар ҳаҷми наздики 24 миллион доллар барқарор хоҳад кард.

Мақомоти ИМА рӯзи 9-уми декабр гуфтанд, зидди муовини раиси пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон бар асоси “Санади Магнитский”, ки Вашингтон аз он асосан барои таъқиби поймолкунандагони ҳуқуқи инсон истифода мебарад, таҳрим ҷорӣ карда шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.