Мавҷи интиқодҳо аз Макрон барои “исломситезӣ”

Изҳороти раиси ҷумҳури Фаронса дар шуморе аз кишварҳо исломӣ бо вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шуд. Баъд аз кушта шудани як муаллими фаронсавӣ аз сӯи як марди чечентабори зодаи Русия дар чанд рӯзи пеш ба хотири нишон додани карикатура ё тасвирҳои танзомези паёмбари ислом ба мактабхонҳо, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи исломгароии ифротӣ ва таҳдиди арзишҳои дунявӣ ҳушдор дод ва гуфт, Фаронса “карекатураҳоро раҳо нахоҳад кард”.

Покистон рӯзи 26-уми октябр аз “маъракаи исломситезӣ” дар Аврупо эътироз кард, Эрон Порисро ба рӯған андохтан ба оташи “экстремизм” муттаҳам намуд ва раиси ҷумҳури Туркия ба таҳрими маҳсулоти фаронсавӣ даъват кард.

Вазорати умури хориҷии Покистон рӯзи 26-уми октябр сафири Фаронса дар Исломободро дар робита ба ин изҳороти Макрон даъват кард. Ба гузориши хабаргузории “Франс-пресс”, Зоҳид Ҳафиз Чударӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Покистон гуфтааст, ки Исломобод “маротиби нигаронии худро аз маъракаи исломситезӣ таҳти пушиши озодии баён” ба сафири Фаронса дар Покистон расондааст.

Имрон Хон, нахуствазири Покистон ҳам дар сафҳаи “Твиттер”-и худ Макронро ба “ҳамла ба ислом ва таҳрики барқасдонаи мусалмонон” муттаҳам кард. Ӯ аз раҳбари шабакаи “Фейсбук” хост, ки монеи нашри матолиби исломситезона шавад.

Ҳукумати Покистон дар эътироз ба ин изҳорот ҳамчунин сафираш дар Порисро фаро хондааст.

Раиси ҷумҳури Фаронса дар Твиттер рӯзи 25-уми октябр навишт, “мо ҳаргиз таслим нахоҳем шуд. Мо суханони тавҳиномезро қабул надорем ва аз баҳси мантиқӣ дифоъ мекунем”.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар “Твиттер” дар вокуниш ба танишҳои ахир навишт, “тавҳин ба 1,9 миллиард мусалмон ва муқаддасоти онҳо ба воситаи ҷинояти ифротгароён, сӯистифодаи фурсатталабона аз озодии баён аст”.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия Эммануэл Макронро шахси “гумроҳ” хитоб кард ва гуфт, раиси ҷумҳури Фаронса “ба хотири тарзи бархӯрдаш бо миллионҳо инсони боварданд аз мазҳабе дигар, бояд муоинаи равонӣ шавад”.

Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи душанбеи 26-уми октябр аз мардуми кишвараш хост то молу колои фаронсавиро таҳрим кунанд. Фаронса ва Туркия дар сари масоили зиёд аз Сурияву Либия то ба Баҳри Миёназамин ва Қарабоғи Кӯҳӣ бо ҳам ихтилоф доранд.

 Гузоришҳо мегӯянд, ки дар Арабистони Саудӣ, Урдун, Кувейт ва Қатар маҳсулоти фаронсавиро таҳрим кардаанд. Ҳукумати Фаронса дар вокуниш гуфтааст, ки “ин иқдомоти беасос бояд мутаваққиф шавад”.

Вазорати умури хориҷии Фаронса гуфт, ки интиқодҳо аз Фаронса аз сӯи ақалиятҳои радикал сурат мегирад ва аз кишварҳо хост аз таҳримҳо худдорӣ кунанд.

Ахиран Самуэл Пати, муаллими 47-солаи таърих ва ҷуғрофиё пас аз нишон додани карикатураҳои паёмбари ислом дар ҳини дарс, дар берун аз мактаб аз сӯи як ҳамлавари 18-солаи чечентабор бо номи “Абдуллоҳ” сар бурида шуд.

Ин масъала вокунишҳои ҷаҳониро дар пай дошт. Баъд аз қатли Самуэл Пати, Фаронса як масҷидро дар атрофи Порис барои шаш моҳ баст ва Эммануэл Макрон ба “зарурати дифоъ аз арзишҳои дунявӣ дар муқобили исломи ифротӣ ва назорати бештар бар будҷаи хориҷии масҷид” таъкид кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.