Меҳмоншо Шарифзода: Бадимонӣ як рамзи гӯёи ҷомеаи мо шудааст…

Баъзан сиёсатмардон аз сиёсати воқеъӣ мегурезанд ва дар беқобилиятӣ ва бесалоҳиятии худ дигаронро гунаҳгор мекунанд.
Ин ҳолат ба хусус дар ин қарина (контекст) ҳукмрон аст ва чунин менамояд, ки имрӯз мушкилиҳои мо ҳал нашавандаанд ва роҳи дигар надорем ба ҷуз инки бозичаи дигарон бошем… ва ин маъни “ҳикмати” амалии ҳизби ҳоким ва ҳизбҳои киссагӣ дар ин сарзамин гашта ва ба хусус пеш аз интихоботҳо аз худ равшан дарак медиҳад….

Бо вуҷуди будани қудратҳои беруна, ки дар тақдири давлатҳои заиф нақше доранд, имкон ва ихтиёри интихоби роҳи мустақилро барои давлатҳои хурд, ҳеҷ кас наметавонад инкор кардан. Инро, яъне ихтиёр ба интихобро танҳо касоне метавонанд инкор кардан, ки ба истилоҳи Жан Пол Сартр ба маризии равонии ‘бадимонӣ’ (bad faith) гирифтор шуда бошанд. Инро дар фарҳанги мусулмонии мо “беномусӣ” ва “беғайратӣ” ҳам мегӯянд.

Аслан ин маризи реша дар  “фалсафа ва сиёсати” ҳизби ҳоким дорад, ки мағзи онро намояндагони Фронти халқӣ ва идеулужии аҷибу ғариби он ташкил медиҳанд. Ин маркази фалсафи – сиёсии тасмимгир, ки дар маҳдудаи музофоту маҳали хеш ва сарҳадҳои эпистемологии кӯҳна мондааст, наметавонад дар сатҳи миллат ва ҷаҳони имрӯз ҳаракати созанда, яъне сиёсатро, ташкил кунад. Шоҳигарӣ доранд, вале ҳукумат надоранд (the king reigns but he does not govern). Ва ин маризӣ, намояндагони ҳизбҳои дигар, ба хусус роҳбарони ҳизбҳои киссагиро, ки номзадии худро барои президенти пешниҳод кардаанд, сахт сироят кардааст.

Дигарон, яъне намояндагони дигар ҳизбҳои ин “миллат’”, танҳо дар фарҳанги гап, намоиш ва сурат бо онҳо ҳамроҳанд. Воқеан ҳама системаҳоро дар ҷомеа “кафшер’” кардаанд… Системаҳо, чорчубаҳо ҳастанд, вале ҳаракат нест. Сиёсатро куштаанд ва ин маризии бадимониро пурқувваттар намудаанд….

Ин ҳолати равонии шахсист, ки баъзеҳо бо мушкилотҳои худ муқобилият кардан наметавонанд ва аз озодии асл ва аз ҷавобгарӣ дар баробари ончи бояд мекарданд мегурезанд ва дониста барои барои таскини худ ё барои сафед кардани беғайратии худ қиссаҳо мебофанд.

Бале, ин маризии шахсист,  вале чун роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, амалдорони давлат ва ё зиёиёни ин миллат ба ин маризӣ гирифтор мешаванд ин маризӣ маризии ҷомеа мешавад…

Меҳмоншо Шарифзода

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.