Меҳмоншо Шарифзода: На танҳо хона, балки ҳама шаҳр моли Айнист.

Mардуме, ки таҷрубаи бархурд бо воқеъият, ҳақ ва ҳастиро доранд ва чӣ будани ишқ, дард, ақл ва имонро медонад ва аз эҷод, ихтироъ ва сохтани дунёи нав барои худ ва дигарон огоҳӣ доранд, мешиносанд, ки ин хона чӣ хона аст…

Дар падидашиносӣ (phenomenology) мафҳуме ҳаст бо номи life – world, ки онро бунёдгузори ин илм Ҳуссерл сикка зада ва маънии ин мафҳум на дунёи ашёст, балки воқеъияти таҷрубакардаи бевосиати инсонро дар ин дунё дар назар дорад…
Ин қавм, ки хонаро кӯчониданианд, аз осорхонаи устод ҷуз дару девор чизи дигареро намешиносанд…
Ин ҷо муқаддас аст на танҳо ба хотири қадамҷойи устод будан, балки ба хотири ишқ, ҳисссиёт, дарку шинохту, ақлу фаросату эҷоди устод … ба хотири муборизаҳо, нигарониҳо, бархурд ва посухҳои ӯ бо воқеъияти давр… Устод Айнӣ дар фарқият аз ин қаҳрамонҳои коғазӣ, ҳам авлиё ва ҳам қаҳрамони воқеъӣ буд…
На танҳо хона, балки ҳама шаҳр моли Айнист. Устод дар ин хона дунёи мардум, шаҳр ва миллатро бунёд гузошт ва касе ҳақ надошт ва надорад бе иҷозати миллати устод хиштеро дар ин шаҳр аз як ҷо ба дигар ҷо кучонад… Вале чӣ гунае ки гуфтаанд, “аз тунукҷомии мо майкада вайрон гардид”…Имрӯз миллати устодро пароканда, дунёи миллаташро хароб ва шаҳрашро … каттақишлоқ … кардаанд…

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.