МЕВАЮ МАҲСУЛОТИ ШИРИНУ ЛАЗИЗ АЗ ФАЙЗИ ОФТОБИ ТОҶИКИСТОН АСТ! Дар Душанбе бо иштироки Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ Иди харбузаю тарбуз ва асал доир гардид

ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ «Ховар»/Имрӯз, 7 сентябр бахшида ба  28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и пойтахт  бо иштироки  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  Иди харбузаю тарбуз ва асал  доир гардид. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ ва Тоҳирҷон САИДЗОДА дар   иди мазкур   иштирок намуда, аз ҷараёни он  гузориш омода сохтанд, ки манзури хонандагон мегардад. 

Дар намоиш-фурӯши мазкур   кишоварзони  вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ҳисору  Турсунзода  навъҳои гуногуни харбузаву тарбуз ва  маҳсулоти аз он  омодагардидаро  ба намоишу фурӯш гузоштанд.  Ба иштирокдорони  намоиш навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсилдоқ», «сиёҳпучоқ», «ҷурақанд», «наботи сафед», «ширинпучоқ», «шакарпалак», «шакарпора» писанд омад ва онҳо имкон доштанд,  ин харбузаҳоро  бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

Намоиш –фурӯши  мазкур аз  рӯи 4 номинатсия – «Беҳтарин хоҷагии харбуза ва тарбузпарварӣ», «Беҳтарин дастурхони маҳсулоти аз харбуза ва тарбуз омодашуда», «Беҳтарин гӯшаи маслиҳатдиҳӣ барои кишоварзон» ва «Калонтарин харбуза ва тарбуз» баргузор гардид.

Ҷой аввал барои  иштироки фаъолона дар иди мазкур ба  деҳқонони ноҳияи Ашт дода шуд.

Барои  парвариши калонтарин харбуза дар ҳаҷми 20 кг  ба хоҷагии деҳқонии Бекободи ноҳияи Конибодом ва  калонтарин  тарбуз дар ҳаҷми 20 кг ба хоҷагии деҳқонии Муслими ноҳияи Мастчоҳ ҷойи аввал дода шуд.

Ҳамчуни барои саҳм гузоштан ва иштироки фаъолона доштан  дар ин намоиш –фурӯш   Сараёсати Вазорати кишоварзии  вилояти Суғд, ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар доираи баргузории Иди харбуза ва тарбуз  мусобиқаи «Зуд хӯрдани харбуза» гузаронида шуд, ки хеле шавқовар сурат гирифта,  ғолиби он  аз ҷониби  Вазорати кишоварзӣ  бо туҳфа қадрдонӣ гардид.

«Беҳтарин гӯшаи маслиҳатдиҳӣ барои кишоварзон», ки яке аз номинатсияҳои ин ид маҳсуб мешавад, бо ҳамин ҳадаф ба он ворид  карда шудааст. Кишоварзон дар идгоҳ на танҳо маҳсулоти худро ба намоишу фурӯш гузоштанд, балки аз таҷрибаи беҳтарин кишоварзони ин соҳа нозукиҳои онро  омӯхтанд.

Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.    Дар  он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ ва   Донишгоҳи аграрӣ   иштирок карданд.

Сардори Сарраёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобошоҳ Холзода намоишро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «мақсад аз таҷлили Иди харбуза ва тарбуз, пеш аз ҳама,  таъмин намудани  сокинон ва меҳмонони пойтахт  бо маҳсулоти ватанӣ  ва рушди соҳаҳои мазкур мебошад. Яке  аз  мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва  мубодилаи  таҷрибаи якдигар дар парвариши полезиҳои зикршуда мебошад».

Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ имсол дар 22 ҳазор гектар харбузаву тарбуз парвариш карда шудааст, ки аз  ин  беш аз 5 ҳазор харбуза ва 15 ҳазораш тарбуз мебошад.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки ин маҳсулоти дӯстдоштаю лазиз дорои витаминҳои зиёд мебошад.  Мутахассисон муайян кардаанд, ки дар таркиби харбуза нисбат ба шир 17 маротиба оҳан зиёд мебошад ва истеъмоли он ба бисёр дардҳо даво мебахшад.

Ба иттилои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ,  айни ҳол дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад. Навъҳои харбузаи Осиёи Миёна сершираю сервитамин буда, аз 4,4 то 21 % қанд, 7—9 %  ангиштобҳо, 1 %  моддаҳои нитрогендор,  2  %  равған, оҳар (крахмал), сафеда ва то 30 мг фоиз витамини С дорад. Xарбузаро ҳам тару тоза мехӯранд (асосан) ва ҳам хушконида истеъмол мекунанд, аз он мураббо ва ширинӣ мепазанд. Xарбуза барои муолиҷаи истисқо, заъфарма, дарди гурда, санги гурда, ҷароҳатҳои дарун ва ғайра фоиданок аст. Мағзи харбуза омос ва дарди чашмро бартараф мекунад. Xарбуза растании гармидӯст аст, ба об ва хоки ҳосилхез серталаб мебошад.

Бояд хотиррасон кард, ки тарбуз низ дар баробари харбуза аз ҷиҳати фоидабахшӣ кам нест. Дар Мисри қадим 4 ҳазор сол пеш тарбуз чун ғизою даво маълум буд. Он яке аз муфидтарин зироати полезӣ ба шумор рафта, миқдори қанд дар таркибаш камтар аст. Фруктозаи таркиби тарбуз ба осонӣ дар организм ҷаббида мешавад.

Табибон тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз хилтҳои гуногун мешуморанд. Тарбуз аз магний бой аст. Норасоии магний дар организм сабаби баланд шудани фишори хун мегардад. Магний дар якҷоягӣ бо калсий фаъолияти системаи дилу рагҳоро мӯътадил нигоҳ медорад.

Ёдовар мешавем, ки Иди харбуза ва тарбуз  тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ҳамасола ҳафтаи аввали шанбеи моҳи сентябр таҷлил карда мешавад.

Тавре дар боло зикр шуд, дар ин маъракаи кишоварзон ҳамчунин  навъҳои гуногуни асал  ба  сокинону меҳмонони  пойтахт пешниҳод гардид.

Дар ҷамъбаст ба беҳтарин хоҷагии кишоварзӣ  ва иштирокдорон  ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуд.















Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.