Михаил Горбачёв, президенти аввалину охирини Иттиҳоди Шӯравӣ 90-сола шуд

Михаил Горбачёв дар мақоми котиби аввали Ҳизби марказии коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати ошкорбаёнӣ ва ислоҳоти бо номи «Перестройка»-ро роҳандозӣ кард. Дар остонаи 90-солагии худ Михаил Горбачёв ҳамин барномаҳоро «муҳимтарин кори зиндагӣ»-аш хонд. Ӯ гуфт, «Муҳимтарин чизе, ки мо дар дохили кишвар ба даст овардем, ин озодие аст, ки ба инсонҳо насиб шуд, бо низоми тоталитарӣ хотима додем».

Дар аҳди Горбачёв ҷанги сард бо Ғарб хотима ёфт, артиши шӯравӣ аз Афғонистон берун оварда шуд, аввалин интихоботи озод баргузор гардид ва аз нақши «раҳбарикунандаву пешбаранда»-и ҳизби коммунистӣ дар қаламрави Аврупои Марказиву Шарқӣ даст кашида шуд.

Соли 1990 Михаил Горбачёв барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид. Декабри соли 1991, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ аз мақоми президенти ин кишвар канор рафт.  

Вале нақши Горбачёвро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ бисёриҳо баҳсбарангез меноманд ва то ҳол шумори зиёди мардум, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам ӯро дар суқути як кишвари аз назари онҳо «иҷтимоиву раъиятпарвар» гунаҳгор мекунанд. Худи Горбачёв дар посух ба ин интиқодҳо гуфтааст, ки ислоҳоти СССР-ро хеле пештар шурӯъ кардан лозиим буд.

Дар Ғарб баръакс, бисёриҳо ба Горбачёв назари нек доранд.

Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар номаи табрикии Горбачёв таъкид кард, ки мардуми Олмон барои саҳми беназири ӯ дар муттаҳидсозии ду Германияи аз ҳамҷудошуда миннатдор ҳастанд. Айни замон, Штайнмайер ботаассуф ёдовар шудааст, ки баъди аз байн рафтани девори оҳании  сиёсӣ ҳам имконияти хеле зиёд барои ҳамкорӣ бо Аврупо вуҷуд дошт. Худи Горбачёв ихтилофҳои сиёсии миёни Русия ва Ғарбро бо истилоҳи «ҷанги нарм» ёдовар шудааст.

Соли 2017 дар як матлабе ба маҷаллаи Time ӯ гуфт, қарорҳое, ки президент Владимир Путин дар оғози давраи раёсатҷумҳуриаш қабул карда буд, дуруст буданд, вале дар дарозмуддат “гарон афтоданд”. Ӯ гуфт, ғасби Қрим равобитро бо ғарб бад карду рушди иқтисодиро қафо партофт. Ӯ гуфт, дар давраи Путин сатҳи зиндагӣ дар Русия поин омада, афзоиши коррупсияву фақр мушоҳида мешавад. “Ба эътиқоди ман, Русия танҳо аз роҳи демократия пирӯз мешавад”, гуфтааст Горбачёв.

Зодрӯзи худро Михаил Горбачёв бо сабаби пандемияи коронавирус тавассути Zoom таҷлил ва аз раҳбарони гузаштаву имрӯзаи байналмилалӣ табрикот мегирад. Президенти Русия Владимир Путин дар табрикоташ Горбачёвро як шахси ғайримуқаррарӣ ва як сиёсатмадори барҷаста номид, ки таърихи кишвар ва ҷаҳонро дигар кард.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.