Михаил Саакашвили гуфт, ба Гурҷистон меравад

Михаил Саакашвили, собиқ президенти Гурҷистон гуфт, ки барои кӯмак дар “наҷоти кишвар” рӯзи интихоботи 2-юми октябр ба Гурҷистон меравад. Саакашвилӣ, ки ҳоло дар Украина ба сар мебарад, гуфт, бо вуҷуди таҳдиди ҳабсаш, ки онро худи ӯ дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад, ба Тифлис парвоз хоҳад кард. Саакашвилӣ дар як видео акси билети ҳавопаймояшро нишон дода гуфтааст, ки ният дорад шоми 2-юми октябр ба кишвар ворид шавад. Ӯ дар ин видео мегӯяд: “Ман ба хотири наҷоти Гурҷистон метавонам дар канори шумо бошам”.

Нахуствазир Иракли Ғарибашвилӣ гуфт, ки полис Саакашвилиро баробари ворид шуданаш ба кишвар боздошт мекунад. Саакашвилиро додгоҳе дар Гурҷистон моҳи июни соли 2018 дар сӯиистифода аз қудрат барои пинҳон кардани ҳодисаи латукӯби як узви ҳизби оппозитсионӣ дар парлумон дар замони президентиаш гунаҳгор кардааст. Таниш дар байни ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” ва оппозитсия шиддат мегирад. Саакашвилӣ аз мухолифони Гурҷистон пуштибонӣ мекунад. Мухолифон мегӯянд, интихоботи соли гузашта тақаллуб шуд. Он замон нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки интихобот пуррақобат ва бо риояи озодиҳои бунёдӣ барпо шуд. Саакашвилӣ дар паёмаш ба эътирозҳои баъди интихоботӣ даъват кардааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.