Михаил Саакашвили натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистонро пирӯзии мухолифин номид

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Собиқ раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили ҳизби оппозисиюни “Ҳаракати муттаҳидаи миллӣ”- ро бо натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистон табрик гуфт ва афзуд, ки ин ҳизб дар интихобот бо беш аз 33% раъйи  интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овард. Аммо 
  • “Вуруди ман ба Гурҷистон манъ аст, аммо мухолифин бар ҳизби  ба истилоҳ “Орзуи Гурҷистон “пирӯзии боэътимод ба даст оварданд.  Биёед ҳукумати ваҳдати миллиро таъсис диҳем, то тавонем  кишварро аз бӯҳрон раҳо кунем ” -гуфт Саакашвили дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии” Мтавари архи”.
  • “Ба ман ягон вазифа, аз ҷумла мансаби сарвазири Гурҷистон лозим нест, аммо дар бораи он, ки дар ин ҷо мемонам, ё ба Ватан бармегардам, дар рӯзҳои наздик равшанӣ хоҳам андохт”- афзуд собиқ раисҷумҳур, ки алҳол дар Укроин зиндагӣ мекунад. Ӯ ин гуфтаҳояшро дар як изҳорот низ ба забони русӣ пахш кард.
  • Қаблан эътилофи нируҳои мухолифин изҳор намуданд, ки дар сурати ба овардани пирӯзӣ  дар интиҳобот номзадии собиқ раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилиро дар мақоми Сарвазири Гурҷистон дастгирӣ хоҳанд кард.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилоъи Кумиссиюни марказии интихоботи Гурҷистон пас аз ҳисоб намудани  90 фоизи бюллетенҳо ҳизби “Орзуи Гурҷистон”  бештар аз 48%  ва  “Ҳаракати муттаҳидаи миллӣ” 27% раъйи интихобкунандагонро ба даст оварданд.
  • Мухолифин  чунин мешуморанд, ки аз тарафи Комиссиюни марказии интихобот дар протоколҳои ниҳоӣ ба нафъи ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” тақаллуб  сурат гирифтааст. Ҳоло онҳо қонунӣ будани интихоботро зери шубҳа гузошта, қасд доранд даст ба эътироз зананд.
  • 31 октябр дар Гурҷистон интихоби порлумонӣ баргузор гардид. Аз 150 ҷой дар Порлумон 120 курсӣ  тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб карда мешаванд. 30 нафари боқимонда тавассути ҳавзаҳо интихоб мегарданд.

The post Михаил Саакашвили натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистонро пирӯзии мухолифин номид appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.