“Миллат”: Се хиёнати “шайтони кӯчак”-Эрони охундӣ дар Афғонистон. Бахши 1

Эрон ва Русия, аниқтараш охундҳои эронӣ ва сиёсатмадорони пири бар асари таҳримҳои Ғарб даступохӯрдаи ҳарду кишвар (ба қавле “братья по несчастью”) дар сабқати ҳарчи ошиқтар ҷилва додани худ ба ҷунбиши Толибон* (Дар Русия террористӣ эътирофшуда) дар ҷои аввал қарор гирифтаанд. Бо ин амал ҳардуи ин давлатҳо собит намуданд, ки бузургтарин ноқизи қонун метавонад худи ҳокимияти давлатӣ бошад.
Ҳардуи ин кишварҳо бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунҳои худ, ин ташкилот – Толибон-ро террористӣ мехонанд, аммо бидуни бекор намудани ин меъёри қонунӣ, намояндагони ташкилоти террористии Толибонро меҳмондорӣ намуда, ҳатто ташвиқ мекунанд. Муносибати Эрон ва Русия, ки дар ин авохир ошкоро ба намоиш гузошта шуд, амалан де-факто эътирофи Толибон ба ҳайси давлати ояндаи Афғонистон аст. Аммо дар ҳамин аввал таъкид шавад, ки ин аҷуза арӯси сад домод аст ва мутмаинан натиҷа ба коми Русия ва Эрон нахоҳад буд. Ба қавле:
Ҷони беҳуда меканад Фарҳод,
Лаби Ширин ба коми Хусрав бод!
Хоса истиқбол ва оғӯшкушоии Ҷаводи Зариф – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба рӯи намояндагони ин ташкилоти (ба эътирофи Русия ва Эрон) ҳанӯз террористӣ дар Теҳрон ба ҳадде масхара буд, ки ҳатто боиси нафрати Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар шуд.
М.Аҳмадинажод ҳамчун як шахси дорои ангеза ва эҳсоси эронӣ дар баёнияи хосе амалкарди мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бархурд ба қазияи Афғонистон маҳкум намуда, онҳоро ба мудохила ва мусаллаҳсозии тарафҳои даргир муттаҳам сохта, гуфт: “Миллати Эрон розӣ нест ва ҳеҷ аҳаде ҳақ надорад ҳайсияти миллати Эронро бибарад ва дар ин рақобатҳои қудрат, ки пушти сари он шайотин ва султагарони ҷаҳонӣ қарор доранд, ҳазина кунад. Миллат ба касе иҷоза надода, ки ин корро бикунад.”
Манзури М.Аҳмадинажод робитаест, ки мақомоти эронӣ бо Толибон барқарор намудааанд ва ба ин гуруҳ дар ҷанги муқобили ИМА ёрии молӣ ва техникӣ карданд. Бар асоси асноди мақомоти амниятӣ ва низомии Афғонистон ва ИМА Эрон аз соли 2005 ба манзури ба чолиш кашидани рақиби худ ИМА, ба гуруҳи Толибон силоҳ, муҳимот, пул ва паноҳгоҳ додааст. Дар ин маврид гузоришҳои зиёди истихбороти артиши ИМА ва Афғонистон мавҷуд аст ва нашр шудааст. Аз ҷумла Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи неруҳои ИМА дар Афғонистон соли 2010 зимни гузориш ба Сенати ИМА таъкид мекунад, ки Эрон бо толибон ҳамкорӣ дорад ва дар ихтиёри гуруҳҳои террористии толиб, аз ҷумла мушакҳои 122 миллиметра ва пул қарор дода, инчунин неруҳои толибонро таълими низомӣ медиҳад. (Fitzgerald E. U.S. and Iranian strategic competition: competition in Afghanistan, Central Asia, and Pakistan//Center for Strategic and International Studies (CSIS). 2011. September 12. P. 5).
Аммо М.Аҳмадинажод ин ҳама гузоришҳоро билохира муҳри тайид зад ва гуфт, “имрӯз мардуми Афғонистонро мусаллаҳ месозед, ба ҷои мусаллаҳ сохтан ба ин мардум кумак кунед, ки кишоварзӣ кунанд, корхона бунёд кунед, роҳ бисозед, мактаб бисозед, барномаҳои имронӣ роҳ биандозед.”
ҶИЭ то соли 2011 ҳама гуна робита ва ҳамкории худ бо Толибонро пинҳон медошт ва иттиҳомоти ИМА дар мавриди кумак ба Толибонро рад мекард. Аммо дар соли 2011 якбора мавқеи худро тағйир дода, хостори дар ҳукумати Афғонистон саҳм додани Толибон шуд. Русия ҳам тақрибан дар ҳамин давра аз барқарории алоқа бо Толибон хабар дод, аммо ду кишвар ҳар гуна ҳамкориро бо ин гуруҳ рад карда, барқарории робитаро танҳо ба манзури касби маълумот ва баъдан ба хотири сари мизи музокира овардани Толибон бо ҳукумати расмӣ медонистанд.
Яке аз сабабҳои шитобзада шудани ИМА барои музокира бо Толибон амалкардҳои Русия ва Эрон ва кумаки ин ду кишвар ба гуруҳи Толибон буд. Бояд гуфт, ки Русия маҳз тавассути Эрон робитаҳои худ бо Толибонро тақвият бахшид. Аммо кумакҳои худ ба ин гуруҳро аксаран мустақим мерасонид. Суқути Қундуз дар тирамоҳи соли 2015 ба дасти Толибон ба даъвои расонаҳо ва бархе мақомоти афғонӣ бе кумаки силоҳҳои русӣ имкон надошт.
Акнун ки амрикоиҳо дар ҳоли хориҷ шудан ҳастанд ва суръати таҳаввулот сареъ шудааст, Эрон ва Русия ба ин тартиб мехоҳанд ба Толибон миннат бигузоранд ва бигӯянд, ки дар шикаст додани Амрико, дар “футуҳоти” таърихӣ маҳз онҳо ба ин гуруҳ кумак кардаанд. Ба ин хотир аст, ки ба рӯйи ҳамаи арзишҳо ва қонунҳо по гузошта, аъзои ин гуруҳи террористиро ба Маскав ва Теҳрон мебаранд ва минбар ҳам медиҳанд, ки эълон кунад, ки мо Амрикоро шикаст додем. Дар орзуи дидани шикасти Амрико дар Афғонистон ин ду кишвар омодаанд, ки хатарноктарин гуруҳи террористиро ҳадди аққал дар меҳвари ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷой диҳанд.
Аммо баъдан хоҳанд дид, ки толибон миннатпазир нестанд. Ин ҳарду айни кореро мекунанд, ки дар соли 1996 то 2001 нисбат ба Толибон анҷом доданд. Онҳое, ки ба масъалаи Толибон ва Афғонистон сару кор доранд, хуб медоданд, ки масъала аз чӣ қарор буд ва ҳаст. Кумаки Русия ва Эрон ба Ҷабҳаи муттаҳиди зидди Толибон аз баҳри худо набуд, аз сари маҷбурӣ буд, аз рӯи он буд, ки роҳи дигаре надоштанд. Толибон ҳеҷ гуна ҳамкорӣ бо ин ду кишварро қабул надоштанд, бинобар ин Русия ва Эрон дар пушти Ҷабҳаи муттаҳид қарор гирифтанд.
Хусусан, Эрон то моҳи июни соли 1997 сафорати худ дар Кобул ва консулгарияш дар Ҷалолободро нигоҳ дошт ва умедвор буд, ки робитааш бо Толибон хуб шавад ва онҳоро расман эътироф кунад. Ҳарчанд фаъолият намудани сафорати Эрон дар Кобул 8 моҳ баъди забти ин шаҳр аз сӯи Толибон худ маънои эътирофи ҳукумати Толибонро дошт. 2 июни соли 1997 Толибон сафорати Эрон дар Кобулро баста, дипломатҳои онро ихроҷ намуданд. Дар посух Эрон марзҳо ва гузаргоҳҳои тиҷоратии худ бо Афғонистонро ба рӯи Толибон баст.
Аммо ин ҳол дер давом накард ва дар соли 1999 баъди он ки СММ алайҳи Толибон таҳрим ҷорӣ намуд, Эрон марзҳои худ ба рӯи ин гуруҳро ба якборагӣ ва ғайри интизори ҳама боз намуд.
Ҳамин тавр, чунин чархиш дар сиёсати Эрон ва Русия нисбати Толибон нав нест, балки ҳарду кишвар шавқи ишқу алоқа варзидан бо Толибонро таҷриба намуда буданд, аммо ин толибон буданд, ки ба муҳаббати онҳо посухи сазовор намедоданд.
Барои дарки бештари моҳияти сиёсати мазҳабмеҳвари Эрон дар Афғонистон зарур аст ба таърихчаи қаблтар аз зуҳури Толибон ва ташкили ҳукумати Афғонистон бо роҳбарии устод Буҳониддини Раббонӣ дар Кобул мурур шавад.
ХИЁНАТ БА РАББОНӢ ВА МАСЪУД
28 апрели соли 1992 қудрати сиёсии Афғонистон аз Ҳизби Ватан ба Ҳукумати муваққати муҷоҳиддин бо роҳбарии Сибғатулло Муҷаддадӣ интиқол дода шуд. Интиқоли қудрати сиёсӣ ба муҷоҳиддин барои Эрон ва Покистон ғайриинтизор ва нохушоянд буд, зеро афроди мавриди назарашон ба қудрат нарасида буданд.
6 майи соли 1992 аъзои Ҳукумати муваққати муҷоҳиддин эълон шуд, вале намояндагони ҳизбҳои шиа дар ҳайати он дида намешуд. Дар ҳоле ки нерӯҳои сиёсии шиаи Афғонистон комилан таҳти ҳимоят ва таъминоти ҶИЭ қарор доштанд ва ба таври ошкор аз сиёсати Эрон итоат намуда, ҳатто Руҳулло Хумайнӣ, роҳбари Инқилоби исломии Эронро пешвои руҳонӣ ва сиёсии худ медонистанд. Барои ҳамин, ҷой нагирифтани ҳаракатҳои шиа дар ҳукумати нав боиси хашми ин гурӯҳҳо ва ҶИЭ шуд. Дар натиҷа, рӯзи 2 июни соли 1992 Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон (ҲВИА) бо роҳбарии А. Мазорӣ, ки бозуи ҷангӣ ва сиёсии Эрон дар Афғонистон маҳсуб мешуд дар шаҳри Кобул амалиёти ҷангиро бар алайҳи қувваҳои Иттиҳоди исломии озодии Афғонистон бо раҳбарии А. Сайёф, ки мухолифи шомил шудани намояндагони ҲВИА ба ҳайати Ҳукумати муҷоҳиддин буд, оғоз намуд. Дар натиҷа, 400 нафар кушта, 1000 нафар гаравгон ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон барои хатми ҷанг ва оташбас чанд пешниҳод кард: саҳм додан ба намояндаҳои аҳолии шиа дар ҳукумати марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллии Афғонистон ва шинохтани фиқҳи ҷаъфарӣ ба унвони яке аз ду мазҳаби расмӣ дар кишвар. Баъди музокираҳои чандрӯза, 10 июни соли 1992 Протоколи ба ҳукумати муҷоҳиддин шомил намудани 3 намояндаи ҳизбҳои шиа ба ҳайси вазир ва 3 нафари дигар ба унвони узви Шӯрои раҳбарии давлат имзо шуд.
Аммо ворид гардидани ҷонибдорони Эрон ба ҳайати ҳукумат боиси қаноати Теҳрон нагашт. Ва Эрон ба кумакҳои молӣ, сиёсӣ ва низомии худ ба гурӯҳҳои сиёсӣ-низомии шиа дар Афғонистон идома дод. Ҷанги ҳизби ҳазораҳои ҷонибдори Эрон алайҳи Давлати исломии Афғонистон дар Кобул камо-кон тамоми соли 1992 ва 1993 идома кард.
Дар моҳи июли соли 1993 Алиакбари Вилоятӣ, вазири корҳои хориҷии ҶИЭ ба хотири миёнаравӣ байни давлати Афғонистон ва Ҳизби ваҳдати исломӣ ба Кобул сафар кард, аммо Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъ ба нишони эътироз аз мудохилаҳои Эрон дар Афғонистон, ҳозир нашуд бо ӯ мулоқот кунад. А.Вилоятӣ норозӣ баргашт ва ба маълумоти сарчашмаҳо ва ёддошти шоҳидон, баъди бозгашти ӯ ғарби шаҳри Кобул, ки асосан мавқеи ҷойгиршавии ҳазораҳо ва нерӯҳои низомии Ҳизби ваҳдати исломӣ буд, ба пойгоҳи асосии мухолифони давлати Б.Раббонӣ ва А.Масъуд дар пойтахт табдил ёфт. Яъне ҶИЭ кумакҳои молӣ ва низомии худро ба Ҳизби ваҳдат баъди баргаштани А.Вилоятӣ боз ҳам бештар афзоиш дод.
Аҳмадшоҳи Масъуд ва Қаҳрамон Сулаймонӣ
Ва идомаи ҷангҳои Ҳизби ваҳдати исломӣ бо қувваҳои давлатӣ боис шуд, ки сарони давлат ба ҳадди зиёде нисбат ба Эрон бадбин шаванд. Вазорати амнияти миллии Афғонистон кормандони маҳаллии сафорати Эронро дар ҳамкорӣ бо хадамоти Эрон ва расонидани кумак ба гуруҳҳои мухолифи давлат муттаҳам мекард. А. Алавизода, иҷрокунандаи вазифаи сафири Эрон дар Кобул дар мулоқот бо Ҳомид Карзай, муовини вазири корҳои хориҷии ДИА (1992–1994), 20 июли соли 1993 бо изҳори нигаронӣ вазъияти бавуҷудомадаро баён мекунад. Ӯ ҳатто таъкид намуда, ки кормандони сафоратро ҳабс намуда, латукӯб кардаанд ва ин корро кормандони раёсати дуюми Вазорати амнияти миллӣ ба роҳбарии ходиме бо номи Закӣ анҷом додаанд ва вазири аминият М.Қ. Фаҳим дар ҷараёни ҳамаи ин қазия қарор дошта ва ба он роҳбарӣ мекунад. Бино ба гузорише, ки сафорати Эрон дар Кобул ба ВКХ Эрон ирсол доштааст, сокинони Кобул ҳозир намешуданд, ки бо ин сафорат ҳамкорӣ намоянд. Аз ҷумла, ошпазҳо, ронандагон ва тамизкорони маҳаллӣ аз ҳамкорӣ бо сафорати Эрон худдорӣ мекарданд. (В. Мужда, Равобити сиёсии Эрон ва Афғонистон дар қарни ХХ. с.332.)
Ҳодисаи дигаре, ки боиси афзоиши бадгумонӣ ва нисбат ба малкардҳои Эрон гардид, ин заҳролудшавии сокинони Кобул аз тариқи меваҷот дар бозори шаҳри Кобул дар тобистони соли 1993 буд. Ин ҳодиса дар айни авҷи ҷангҳои миёни ДИА ва гурӯҳҳои Ҳизби ваҳдати исломӣ дар ғарби шаҳри Кобул сурат гирифт. Аз ҷониби Вазорати амнияти Афғонистон дар моҳи июли соли 1993 чанд нафар аз сокинони ҳазораи Кобул дар робита ба ин қазия боздошт шуданд ва матбуот хабар дод, ки Эрон дар ихтиёри унсурҳои Ҳизби ваҳдати исломӣ чунин заҳрро қарор додааст. Вуҷуди ин ҷанҷол ва масъаларо асноди бойгонии вазорати хориҷа низ собит мекунад. Сафорати ҶИЭ дар Кобул дар изҳороте, ки аз телевизиони марказии Афғонистон нашр шуд, ин хабарҳоро рад мекунад. (Баёнияи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул. – 1372, – 11 мурдод. (1993, –2 авг.).
26 июли соли 1993 иҷрокунандаи вазифаи сафири Эрон дар Кобул бо Ҳидоят Амин Арсало – вазири корҳои хориҷии ДИА мулоқот намуда, изҳор медорад, ки муовини вазири аминияти Афғонистон ба сафорати ҶИЭ ташриф оварда, таъкид кардааст, ки мутобиқи маълумоти ӯ, Ҷумҳурии Исломии Эрон маводи масмумкунанда ва заҳрро дар ихтиёри Ҳизби ваҳдати Афғонистон қарор додааст, ки аз ҳамон заҳр дар олуда сохтани бозори меваҷоти Кобул истифода шудааст.
Ҳамчунин як сарчашмаи дигари таърихӣ маълумот медиҳад, ки Абдулҳай Илоҳӣ – вазири мушовири ДИА дар Қасри раёсати ҷумҳурӣ айни матлабро бо лаҳни дурушт дар ҳузури иҷрокунандаи сафири Эрон изҳор дошта ва хостааст, то сафорати ҶИЭ дар Кобул дар изҳороти махсус ҳамкорияшро бо Ҳизби ваҳдати исломӣ рад кунад ва тасдиқ намояд, ки Эрон ДИА-ро ба расмият мешиносад ва танҳо бо он ҳамкорӣ мекунад.
27 июли соли 1993 сафорати ҶИЭ дар Кобул аз Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ба таври расмӣ хостори тавзеҳи изҳори назари Муҳаммад Қасими Фаҳим, вазири амнияти миллии ДИА (1992–1996) мешавад, ки дар фурудгоҳи Кобул дар ҳузури намояндагони дипломатии чанд кишвари хориҷӣ гуфта буд: “Эрон дар Афғонистон бештар аз Покистон ва Арабистони Саудӣ мудохила дошта ва ҳатто ҷиноёти Эрон дар Афғонистон бештар аз ҷиноёти русҳо мебошад”. Баъдан дар расонаҳои Кобул гуфта шуд, ки Қ.Фаҳим ин матлабро дар як суҳбати ғайри расмӣ дар толори интизории ҳукуматии фурудгоҳи Кобул дар ҷамъи чанд сафир изҳор намуда ва намояндаи сафорати Эрон ҳам шоҳиди ин суҳбатҳо шудааст.
Ба назари Чингизи Паҳлавон, муҳаққиқи эронӣ А.Масъуд ва Б.Раббонӣ ба ин бовар буданд, ки маҳз бо мусоидати Эрон Ҳизби ваҳдати исломӣ имкон ва тавони ҷанг дар муқобили ДИА-ро пайдо карда буд. Мақомоти амниятӣ ба роҳбарияти давлати Афғонистон иттилоъ медоданд, ки сафорати Эрон дар ҷангҳои шаҳри Кобул Ҳизби ваҳдатро кӯмак мекунад. Аз ҷумла, номаи Вазорати молияи Афғонистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ аз таърихи 18.10.1993 далеле ба интиқоли ҷангафзор ва воситаҳои алоқаи низомӣ аз Эрон ба Афғонистон мебошад.
Дар ин нома гуфта мешавад, ки тайёраи неруҳои ҳавоии Эрон бо иҷозаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба майдони ҳавоии Кобул нишаста ва бар асоси номаи пешакӣ ҳомили лавозимоти хона, ошхона ва мизу курсӣ барои сафорати ҶИЭ мебошад. Аммо мақомоти гумрук дар дохили ҳавопаймо васоили таъиноти низомӣ, дастгоҳҳои мухобира ва силоҳу ҷангафзорсозро кашф намуданд. Худи А. Масъуд фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳавопаймои пур аз силоҳу техникаи низомиро дида, дастури боздошт ва мусодираи ҳавопайморо медиҳад. Эрон зимни ирсоли номае изҳор медорад, ки ҷангафзор ва таҷҳизоти техникии низомӣ ба Афғонистон дар парвози шумораи 520 иштибоҳан фиристода шудааст, бинбар ин хостори баргардонидани онҳо шуд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки А. Масъуд ба вазорати корҳои хориҷӣ шахсан дастур медиҳад, ки ба дархости ҷониби Эрон посухи рад бинависад. Эрониҳо баъди гирифтани посухи ради А.Масъуд масъаларо бевосита бо Б.Раббонӣ матраҳ мекунанд. Баъди чанд рӯз бо мудохилаи Президенти ДИА Б.Раббонӣ эрониҳо муваффақ шуданд, ки таҷҳизоти мусодирашударо ба сафорати ҶИЭ дар Кобул интиқол диҳанд. Дар ҳоле, ки бар асоси санадҳои вазорати амният дар парвози № 520 ҳамроҳи ин васоил 6 нафар муҳандиси низомии эронӣ низ барои омӯзиш додани усули истифодаи таҷҳизот, сохтани маводи мунфаҷира бо шиносномаҳои хидматӣ вориди Кобул шуда, аз зери ҳавопаймо тавассути мошинҳои сафорати Эрон берун бурда мешаванд.
Дар январи соли 1994 як ҷабҳаи муташаккил аз мухолифони мусаллаҳи ДИА – Шӯрои ҳамоҳангии инқилоби исломӣ шакл гирифт, ки ҳастаи асосии онро Ҳизби ваҳдати исломии А. Мазорӣ, Ҳизби исломии Г. Ҳикматёр ва Ҷунбbши миллии исломии А.Дустум ташкил медоданд. ДИА дар баёнияе Эронро дар қатори Покистон ва Ӯзбекистон дар ташкили ин ҷабҳаи зиддидавлатӣ муттаҳам намуд.
А. Масъуд дар мусоҳиба бо нашрияи арабии “Ал–ватан ал–арабия” (3 декабри соли 1993) дар мавриди муносибати Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя дар ин давра чунин изҳор намуда буд: “Мо дар ҳақиқат на бо Ҳизби исломӣ ва Ҳизби ваҳдат, балки бо Покистон ва Эрон меҷангем.” Яъне ду ҳизби номбурда, яке омили Покистон ва дигаре омили Эрон буданд, ки дар тамоми давраи истиқрори Давлати Исломӣ ба роҳбарии Б.Раббонӣ (1992-1996) дар Кобул муқобили он меҷангиданд.
Рӯзи 1 январи соли 1994 амалиёти эътилофи сиёсӣ – низомии Шӯрои ҳамоҳангӣ барои сарнагунсозии ҳукумати марказии Афғонистон оғоз шуд. Чингизи Паҳлавон менависад, ки “Оқои Мазорӣ (раиси Ҳизби ваҳдати исломӣ) дар даргириҳои ахир кӯшид, ки мавқеияте ба даст оварад, то неруҳои Ҳикматёр ва Дустум тавонанд вориди Кобул шаванд ва асбоби сарнагунии ҳукуматро фароҳам кунанд. Сиёсатҳои оқои Мазорӣ абъоди хатарноке ёфтааст. Ӯ дар ин авохир касе аст, ки ҷанги байни шиаёнро роҳ андохтааст.” (Ч. Паҳлавон. Афғонистон, асри муҷоҳиддин ва баромадани толибон. с.207). Ч. Паҳлавон ба хулоса меояд, ки Эрон дар оғоз иштибоҳ кард, ки дар қазияи Афғонистон дунболарави сиёсати ҷангҷӯёна ва қавмгароёнаи А. Мазорӣ гашт ва ниҳоят маҷбур шуд, то лаҳзаи шикаст хӯрдани худ ин сиёсатро идома диҳад.
Зуҳур ва пешравии барқосои “Толибон” дар солҳои 1994-95 Афғонистон сароғози таҳаввулот ва марҳилаи нав дар муносибатҳои байни Афғонистон ва Эрон гардид. Пешравиҳои босуръати “Толибон”, суқути минтақаҳои ҷанубӣ ва шарқӣ ба дасти ин гурӯҳ боиси нигаронии ҷиддии Эрон шуда буд. Эрон дақиқан мисли имруз дар садади муомила бо Толибон баромада буд ва талош мекард бо Толибон робита барқарор кунад. Ба ин манзур, Абдуалии Мазорӣ – роҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон, неруи асосии сиёсӣ ва низомии ҷонибдори Эрон дар муодилаи Афғонистонро, ки дар ҳоли ҷанг бо ҳукумати Б.Раббонӣ буд, ташвиқ намуд, ки бо Толибон ҳамроҳ шавад.
Ҳарчанд М.Ҳаддодӣ сафири Эрон ба А.Масъуд ваъда намуд, ки А.Мазориро барои бастани сулҳ бо давлат ба Кобул меоранд, аммо рафт дар берун аз Кобул ба ӯ суҳбат кард, вале танҳо баргашт. Ба намояндаи А.Масъуд гуфт, ки А.Мазорӣ ба Кобул намеояд. 13 марти соли 1995 А. Мазорӣ, ки ба Толибон таслим шуда буд, барои музокира бо Толибон аз ғарби Кобул ба шаҳри Қандаҳор парвоз мекард, тавассути толибони дигар аз чархбол берун оварда ва кушта шуд. Ҳамин тавр, А. Мазорӣ, ки омили асосии таъсиргузории ҶИЭ дар саҳнаи сиёсӣ ва низомии Афғонистон буд, аз замони таъсиси ҳукумати муҷоҳиддин то охирин лаҳзаи ҳаёти худ, яъне наздики се сол дар муқовимати мусаллаҳона бо ҳукумати устод Раббонӣ қарор дошт ва ҳаргиз ба сулҳ ва ҳамзистӣ канор наомад. Ин мудохилаи низомӣ ва сиёсии Эрон яке аз сабабҳои аслии шикасти ҳукумати Б.Раббонӣ ва А.Масъуд дар Кобул дар соли 1996 шуд.
Эрон мисли Русия барои он ҷабҳаи зидди Толибонро кумак кард, ки толибон ҳамагуна ҳамкорӣ бо Эронро рад карданд, миннаташро напазируфтанд. Эрон маҷбур буд, ки ин корро бикунад, чораи дигар надошт. Аммо марҳилаҳои баъдии таҳаввулот нишон дод, ки Эрон дар аввалин фурсати муносиб робита бо Толибонро барқарор кард. Ҳатто фикри хуни 11 дипломат ва 1 хабарнигори худро, ки дар Мазори Шариф толибон қатл намуданд, накард. Баъди қатли онҳо, СММ толибонро ба далели нақзи ҳуқуқи башар ва паноҳ додани Бен Лодан таҳрим кард, аммо Эрон дарвозаҳои худро ба рӯи онҳо боз намуд. Намояндагиҳои толибонро дар Теҳрон ва Машҳад иҷозаи фаъолият дод.
Эрон дар аввалин фурсати дигар дар соли 2001, ки тафсилоташ баъдтар баён хоҳад шуд, толибонро ҳам бар ИМА ба қавле фурӯхт, ҳамаи нақшаҳои низомии онҳоро зимни мулоқоти чандсоатӣ дар фурудгоҳи низомии як шаҳри бандарии Эрон дар ихтиёри афсарони қувваҳои ҳарбии ҳавоии ИМА қарор дод, ки бар асоси он таёраҳои ИМА амалиёти бомбаборони толибонро анҷом доданд.
Аз соли 2005-2011 ҶИЭ дубора ба думболи барқарори робита бо Толибон шуда, ба ин гуруҳи террористӣ кӯмаки низомӣ ва молӣ намуд. Эрон барои Толибон дар Теҳрон, Сиистон ва Балучистон ва Турбати Ҷом дафтари намояндагӣ боз кард ва дар муқобили қувваҳои давлатии Афғонистон ва ИМА онҳоро таҷҳиз намуд.
Аз ҷониби дигар, Эрон лашкари 20 ҳазорнафарии “Фотимиён”-ро аз ҳисоби ҳазораҳои шиаи Афғонистон таъсис додааст, ки ин лашкар дар Сурия машғули ҷанг буд ва ҳаст. Акнун як бахши он вориди Афғонистон шуда, вале то кунун мавриди истифода дар ҷангҳои дохилӣ қарор нагирифтааст.
Ҳамин тавр, агар роҳбари руҳонии собиқи Эрон – Хумайнӣ Амрикоро “шайтони бузург” унвон дода бошад, фаъолиятҳои анҷомдодаи мақомоти эронӣ дар минтақа дар зарфи 30 соли охир баёнгари он аст, ки унвони “шайтони кучак”-ро барои худ камоӣ ва ҳалол кардаанд.
(давом дорад)

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.