Миллиардери гурҷӣ Иванишвилӣ аз раҳбарии ҳизби ҳоким ва сиёсат канор рафт

Миллиардер Бидзина Иванишвилӣ, раиси ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” аз мақомаш канор рафт ва гуфт, ки фаъолияти сиёсиро ҳам қатъ мекунад. Дар изҳороти 11-уми январаш сарватмандтарин шаҳрванди Гурҷистон гуфт, ки фаъолияти сиёсии худро хотима медиҳад, чун, ба гуфтааш, баъди дар интихоботи моҳи октябр пирӯз шудани “Орзуи Гурҷистон” ӯ бо ҳамин “рисолаташро анҷом дод”. Ӯ гуфт, як далели дигари канор рафтанаш аз сиёсат ин аст, ки дар чанд ҳафтаи дигар 65-сола мешавад. Шохиси миллиардерҳои Bloomberg мегӯяд, Иванишвилӣ 5,7 миллиард доллар сарват дорад, ки дар солҳои 1990-ум аз ҳисоби истеҳсоли маъдани оҳан, пӯлод, бонкдориву хонафурӯшӣ ба даст омадааст. Дар солҳои 2003 то 2006 ӯ аксар дороиҳои худро ба фурӯш дод ва боқӣ пулҳояшро ба фаъолиятҳои сиёсиву интихобот,  дарёфти курсии нахуствазирӣ дар соли 2012 ва таъсиси ҳизбаш сарф кард. Ӯ соли 2013 ҳам гуфта буд, ки сиёсатро тарк мекунад, вале соли 2018 боз раҳбарии “Орзуи Гурҷистон”-ро ба ӯҳда гирифт. Истеъфои ӯ метавонад боиси коҳиши таниш дар сиёсати Гурҷистон шавад. Иванишвилиро дар он муттаҳам мекунанд, ки чун як шахси наздик ба Кремл пинҳонӣ ҳамоно дар фаъолиятҳои сиёсӣ иштирок мекунад, вале худи ӯ ин иттиҳомро рад кардааст.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.