Миллиардери рус пас аз талоқ ба ҳамсараш 207 миллион доллар пардохтааст

Фарҳод Аҳмадов, як миллиардер дар Русия ба ҳамсари собиқаш Татяна, дар доираи созишномаи тақсими дороиҳо пас аз талоқ, 207 миллион доллар пардохт кардааст. Ин маблағ 15 дар сади дороиҳо ӯ будааст.

Ҳамсари собиқи Аҳмадов солҳо талош дошт, ки қисме аз дороиҳои ӯро соҳиб шавад, ки ба гуфтаи маҷаллаи Форбес, 1,4 миллиард доллар ҳисоб шудаанд. Соли 2016 додгоҳи Лондон ҳукм кард, ки Аҳмадов ба ҳамсараш 570 миллион доллар супорад, вале ӯ ин ҳукмро иҷро накард. Пас аз ин додгоҳ ҳукми ҳабси амволи ӯ дар тамоми кишварҳои дунро содир кард.

Танҳо яхтаи ӯ, ки дар Дубай ҳабс шуд, 450 миллион доллар арзиш дошт. Аҳмадов баъди ҳабси дороиҳояш кушиш кард, ки масъаларо бо роҳи осоишта ҳал кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.