Минбаъд аз судяҳои тоҷик эъломияи даромад талаб мешавад

Аз ин ба баъд ҳангоми таъийн шудани додрас ё судяҳо ва адои вазифа, онҳо ӯҳдадор мешаванд, ки ҳар сол эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молии худро пешниҳод кунанд. Шарти нав дар лоиҳаи қонунро ахиран вакилони Маҷлиси Намояндагон матраҳ кардаанд. Пешниҳоди маълумоти бардурӯғ метавонад барои аз вазифа озод кардани судяҳо асос шавад. Тибқи ислоҳоте, ки дар тарҳи қонун пешниҳод шудааст, афроди бознишаста ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд ҳамчун додрас таъйн ва ё интихоб гарданд. Дар даҳ соли гузашта ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон 25 додрас барои “ҷиноятҳои коррупсионӣ” дастгир ва ё зиндонӣ шудаанд. Моҳи декабри соли гузашта Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон дар гузорише гуфт, ки судяҳо дар Тоҷикистон 1600 сомонӣ, судяҳои Додгоҳи олӣ бо назардошти собиқаи кор 4500 сомонӣ ва додрасҳои Додгоҳи ҳарбӣ 6200 сомонӣ маош мегиранд. Ба қавли ин комиссия маоши ками додрасҳо “барои коррупсия замина фароҳам мекунад”. Дар Тоҷикистон беш аз 450 додрас кор мекунанд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқу байналмилалӣ гуфтаанд, низоми додгоҳӣ пойбанди ҳукумати иҷроия буда, мустақил нест.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.