Минск гуфт, дар посух ба таҳримҳои ИА, таҳримҳои худро нисбати аврупоиҳо ҷорӣ мекунад

Беларус гуфт, дар посух ба нақшаҳои Иттиҳоди Аврупо дар заминаи таҳрими мақомдорони ин кишвар барои даст доштанашон дар тақаллуби натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9-уми август, феҳристи таҳримҳои худро барои мақомдорони Аврупо таҳия кардааст. Вазорати хориҷаи Беларус рӯзи 2-юми октябр Иттиҳоди Аврупоро дар ҷорӣ кардани “тадбирҳои муҷозоткунанда” нисбати Беларус, ки ба қавли Минск бо “муқаррароти марбут ба эҳтиром ба тамомияти арзиву истиқлолияти кишвар дар ихтилоф аст”, муттаҳам кард. Дар изҳороти инчунин омадааст, ки мутобиқ бо “таҷрибаи ҷоуфтодаи дипломатӣ” исми афроди таҳримшударо фош намекунад.

Ин дар ҳолест, ки субҳи 2-юми октябр раҳбарони Иттиҳоди Аврупо гуфтанд,  нақшаи таҳрими 40 шахсият дар Беларус, ки дар тақаллуби натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон масъулият доранд, тасдиқ шуд. Баъди анҷоми ҷаласа дар Брюссел  рӯзи 2-юми октябр раҳбарони аврупоӣ гуфтанд, ки тавонистанд садди эҷодшуда аз ҷониби Қибрисро убур ва бастаи таҳримҳои таъхиркарда болои Беларусро қабул кунанд. Чарлз Мишел, президенти Шӯрои Аврупо баъди ҷаласа ба хабарнигорон гуфт, “имрӯз мо ба қароре расидем, ки таҳримҳоро ҷорӣ бикунем”. Александр Лукашенко, ки дар паи интихоботи 9-уми август барандаи интихобот эълон шуд, вале садҳо ҳазор нафар онро тақаллубшуда номиданд, дар миёни мақомҳои таҳримшудаи Беларус ёд намешавад.  Як дипломати аврупоӣ гуфт, ки ӯро дар таърихи дертар ба ин феҳрист ворид мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.