Минтақаи “сабз”-и Бағдод мушакборон шуд

Рӯзи якшанбе силсиламушакҳо минтақаи “сабз”-и Бағдодро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа, ба бинои сафорати ИМА ва маҳаллаҳои зист дар ин минтақаи байналмилалии пойтахти Ироқ осеб расидааст. Дар изҳороти низомиёни ироқӣ омадааст, ки рӯзи 20 декабр “як гурӯҳи ғайриқонунӣ” ҳашт мушакро ба минтақаи “сабз” партоб кард. Дар ин минтақа сафоратҳои хориҷиву биноҳои ҳукуматӣ ҷойгир мебошанд. Аксари мушакҳо дар назди бинои холии истиқоматӣ ва як посгоҳе фуруд омад ва дар натиҷа як ходими амниятии Ироқ маҷрӯҳ шуд. Сафорати ИМА гуфт, ки системаҳои зиддимушакии он тавонист пеши роҳи мушакҳоро бигирад ва аз ҳукумати Ироқ тақозо кард, ки барои пешгирӣ аз чунин ҳамлаҳои  гурӯҳҳои мусаллаҳ иқдом кунад. Дар изҳороти сафорати ИМА омадааст, ки “ингуна ҳамлаҳо болои сохтмонҳои дипломатӣ нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст ва ҳамлаи мустақим ба истиқлолияти ҳукумати Ироқ мебошад”. Мақомоти амрикоӣ ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эронро гунаҳгор карда гуфтанд, ки ин амали онҳо барои аз хоки Ироқ берун шудани дипломатҳову низомиёни амрикоӣ баҳона мешавад. Моҳи декабр ИМА тасдиқ кард, ки дар пасманзари афзоиши танишҳо миёни гурӯҳҳои ҷангҷӯёни Ироқу Эрон қисме аз дипломатҳои сафоратро аз кишвар берун мекунад. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки коҳиши шумори дипломатҳояш дар Ироқ дар остонаи солгарди аввали ҳамлаи амрикоиҳо дар Бағдод сурат мегирад, ки дар он генерали эронӣ ва фармондеҳи нирӯҳои Қудс Қосим Сулаймонӣ  кушта шуд. Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки Эрон ваё ҷангҷӯёни муттафиқаш метавонанд дар остонаи ин солгард ҳамлаҳои интиқомҷӯёна анҷом диҳанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.