Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ гардид

ДУШАНБЕ, 05.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани  XXXV ғайринавбатии Ҳизби коммунистии  Тоҷикистон (ҲКТ)   баргузор гардид, ки  дар он раиси ҳизб Мироҷ Абдуллоев ба ҳайси номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пебарӣ карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар  ин анҷуман 57 нафар вакилон иштирок намуданд.  Раиси ҲКТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мироҷ Абдуллоев  иброз намуд, ки барномаи пешазинтихоботии ҳизб мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи Барномаи ҳизби мазкур,  таҳлили вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, омӯзиши давраҳои давлатдории шӯравӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таҷрибаи давлатҳои тараққикарда, бахусус кишварҳое, ки роҳи инкишофи сотсиалистиро интихоб кардаанд, таҳия гардидааст.

Ҳадафи асосии барномаи ҳизб ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, муносибатҳои миллӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт, ислоҳоти идоракунӣ, таъмини волоияти қонун ва ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва дар самти сиёсати хориҷӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳизби коммунистии Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, замони мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 Шодӣ Шабдолов раисии ин ҳизбро ба уҳда дошта,  аввали моҳи июли соли 2016 муовини аввали ӯ Исмоил Талбаков раиси ҲКТ интихоб шуд. Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт ва  котиби ҳизб Мирзоазим Насимов муваққатан иҷрокунандаи раиси ҲКТ таъйин шуд. Аз апрели соли 2017 то имрӯз ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.