Мирзиёев аз рӯзноманигорон хост, натарсанд ва танқид кунанд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафараш ба вилояти Тошканд бо рӯзноманигорон суҳбат ва аз онҳо даъват кард, ки вазъи он кишварро воқеъбинона бозтоб намуда, аз додани суолҳои сахт наҳаросанд.

Ин даъвати Мирзиёев дар видеое сабт шуда, ки хадамоти матбуотии президенти Узбекистон нашр кардааст.

“Танқид кунед! Ному насаб ва аксашро нашр карда, нависед, ки “чаро ту ин корро мекунӣ? Чаро шумо вазифаҳоятонро иҷро намекунед?”. Дар бораи онҳо ба ҳама хабар диҳед. Таъсири ин кор назар ба се-чор фармон бештар аст. Шумо қудрати бузурге доред”, – изҳор медорад Мирзиёев, вале дақиқ нагуфт, ки оё метавонанд ӯро низ танқид кунанд.

Президенти Узбекистон вақтҳои ахир дар ҷараёни сафарҳояш ба минтақаҳо бо рӯзноманигорон суҳбат менамояд. Ӯ бори нахуст бо хабарнигорон моҳи феврали соли равон дар ҷараёни сафараш ба вилояти Намангон рӯбарӯ суҳбат карда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.