Мирзиёев ба шурӯи эмкунии аҳолӣ аз COVID-19 амр дод

Дар Узбекистон президент амр дод, ки ба эмкунии сокинон алайҳи коронавирус шурӯъ кунанд. Матбуоти маҳаллӣ менависад, ки рӯзи 10 феврал Шавкат Мирзиёев амр додааст, ки давоми як моҳ рӯйхати электронии сокиноне, ки ваксинаи зидди коронавирусро дарёфт мекунанд, тартиб дода шавад.

Феълан маълум нест, ки чӣ миқдом ва кадом навъи ваксинаҳо ба Узбекистон ворид мешавад. Ботир Қурбонов, муовини раиси Хадамоти амнияти санитарию эпидемиологӣ гуфт, ки ваксинаи зидди коронавирус ба ин кишвар моҳи март ворид мешавад ва дар навбати аввал сокинони аз 85-сола боло, баъдан 75-84-солаҳо ва баъди онҳо 65-75-солаҳо эм карда мешаванд. Ин мақомдор гуфтааст, ки то охири сол 20 дарсади аҳолии Узбекистон ё 7 миллион нафар эм карда мешаванд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ менависад, ки дар Узбекистон даври 3-юми озмоишҳои клиникии ваксинаи чинии навъи ZF2001 аз COVID-19 ҷараён дорад. Иттилои ғайрирасмӣ ин аст, ки музокироти Тошканду Маскав барои фармоиши 35 миллион воксинаи русии «Спутник-V» то ҳол бенатиҷа анҷомидааст.

Вазорати рушди инноватсионии Узбекистон гуфтааст, ки озмоиши ваксинаи чинӣ то моҳи май идома мекунаду то ҳол “натиҷабахш” будааст. Агар ин ваксина барои истифода иҷозат дода шавад, истеҳсолу таъминоти он ба Чин фармоиш хоҳад шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.