Мирзиёев гуфт, чанд мансабдорро бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт кардаанд

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 15-уми октябр дар як ҷаласаи онлайн дар бораи боздошти муовинони раисони ҳукуматҳо хабар дод, ки бо “пора” ё ришва дастгир шудаанд. Ба иттилои президент, муовини раиси ноҳияи Кибраӣ бо 35 ҳазор доллар, сардори раёсати назди ҳукумати вилояти Тошканд бо 1,4 миллион доллар, муовини раиси ноҳияи Марҳамат бо 29 ҳазор доллар ва муовини раиси ноҳияи Бувайдини Узбекистон бо 20 ҳазор доллар ба даст афтодаанд. Ба қавли Мирзиёев, ин афрод аз соҳибкорон дар ивази сабти заминҳояшон ришва талаб кардаанд. Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, дар моҳи октябр муовини раиси ноҳияи Бостанлиқи вилояти Тошканд низ ҳангоми фурӯши замин дар ивази 25 ҳазор доллар боздошт шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.