Мижгона Ҳалимова: Эътимод карданам ба роҳбарони бонки “Эсхата” иштибоҳ буд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Рӯзи якуми феврали соли ҷорӣ, Додгоҳи шаҳри Ваҳдат нахустин мурофиаи додгоҳӣ бо даъвои як корманди Филиали Бонки “Эсхата”, дар шаҳри Ваҳдат, ки аз рӯзноманигор Мижгона Ҳалимова 50 ҳазор сомонӣ товон талаб дорад, баргузор шуд. Баъд аз он рӯзноманигор ба чанд суоли мо тариқи онлойн посух гуфт:

– Мурофиа шуруъ шуд?

-Бале, ҷаласаи аввалини додгоҳӣ буд. Танҳо ду тарафи даъво бо ҳузури вакилони дифоъ ба толор иҷозати ворид шудан доштем. Рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ ба он роҳ наёфтанд. Дар ин ҷаласа ба моҳияти шикоят шинос шудему тамом.

– Муҳтавои даъво чӣ будааст?

– Ҳамон масали бастани соҳиби гов. Чизе монанд ба пости рӯзноманигор дар Фейсбук ба ман зарари маънавӣ оварду обрӯи кориямро рехт. Барои ҳамин пост 50 ҳазор сомонӣ тавон мехоҳам.

– Торихчаи ин қазияро кутоҳ барои хонандагон ёдовар мешавед?

– Ман бар онам, ки ҷомеа бояд ин гуна қазияҳоро бидонад. Санаи 8-уми октябри соли гузашта ба бинои филиали бонки “Эсхата” дар шаҳри Вахдат ворид шуда, дар қатори дигарон навбат гирифтам. Қабул тавассути низоми электронӣ буд. Ҳама навбаташро интизор. Вақт мегузашт, аммо навбати нафари қабл аз ман ҳич намерасид. Дар тоблу рақами 72 истода буд, ман бошам бо рақами 74 дар даст мунтазири навбати худ будам. Вале онҳое, ки исмашон дар тоблу набуд, пеш мерафтанду ниёзашонро бароварда берун мерафтанд. Ба хотири рушанӣ андохтан аз корманди бонк пурсидам, ки чаро навбати нафари қабл аз ман намерасад, шояд усули дигари навбат гирифтан низ ҳасту мо намедонем?! Бо оҳанги норизоӣ пурсидам, албатта.

Вай низ норизоёна ба ман нигоҳ карда, чизе нагуфту ба компутари худ нигоҳ андохт. Дубора пурсидам, магар ин рақами тоблуи шумо часпидааст, ки иваз намешавад ё рӯзи кориатон тамом шуд? Он ҷавон бо як лаҳни дағал гуфт, “бале рӯзи кории мо тамом”. Пурсидам, ки охир соат нав 15:15 дақиқа аст!

Оператори бонк оташин шуду гуфт, “бра аввал фкута печон”, дар ҳамин ҳол як ҷавоне, ки дар навбат баъд аз ман меистод, омаду ба ин кормандони бонк гуфт, “ака бо зан дуруст гап зан”, аммо вай бошад гуфт, “э бра кори худта кун”. Хазинадор, ки ин ҳолатро назорат мекард, ба назди ман омада, гуфт “апаҷон чӣ хизмат кунам?”.

Ман ҳам гуфтам, ки мехоҳам маблағамро гирам, аммо ин ҷавон дағалӣ дорад. Он хазиначии бонк гуфт, “ҳеҷ гап не апа, биё ман худам кори Шуморо буд мекунам, ба ин тараф гузаред”. Ростӣ зиёд зиқ шудаму омадам ба назди хазина, ки дар ҳамин вақт он оператор дилаш хунук нашуда, гуфт, “инами ту ҳозир пулта намегирӣ”. Хеле нороҳат шудам. Бо мусоидати ӯ нафари қабл аз ман низ ниёзашро баровард. Ман ҳам маблағамро гирифтам. Вақте хостам аз дари бонк берун равам, ногоҳ нигаҳбони назди дар гуфт, “апа чӣ гап шуд дар дарун?”, гуфтам он ҷавон чаро чунин кард, ростӣ нафаҳмидам.

Дар ҷавоб нигаҳбони назди дар гуфт, “апа вай номаш Хайриддин аст ва як одами бисёр дағал мебошад, вай бо ҳама чунин муносибат мекунад, зиқ нашавед апа охири ҳафта дафъ мешавад. Беҳтараш тарафи дасти рост, ба утоқи роҳбарашон рафта, шикоят кунед!”.

Аз роҳам гашта, ба ҷои гуфтаи он нигаҳбон рафтам, вале дари утоқ кушода буду касе набуд. Гашта ба назди оператори бонк–Хайриддин омада, хостам аз бейҷикаш ному насабашро дақиқ кунам, аммо бейҷикро ба тарафи дигар гузошт то ин ки ман набинам. Хуллас гуфтам, ту зӯр ҳастӣ, исто расматро гирам. Вай низ истоду ман расм гирифтам ва гуфтам бо ин коратон ҷавоб мегӯед. Вақте аз назди дар мехостам бароям, ки дар ҳамин вақт дар назди дигар мардон бо овози баланд гуфт “э бра к..оча киҷое шикоят мекунӣ, кун!”.

Чун ҳарфҳои нохуши он корманд, ки зеҳнамро “харошида” буданду вуҷудамро ноором карда буданд, вазифа ва ному насабашро маълум кардам, то вокуниш кунам. Чунин рафтор дар ҷои ҷамъиятӣ набояд бевокуниш монад.

– Пасон дар Фейсбук пости нигаронӣ нашр кардед?

-Дақиқан. Тасовир ва маълумот гирифтаму беодобӣ ва таҳқири муштарӣ аз ҷониби корманди бонкро расонаӣ кардам. Чун ин кор дар ҷои ҷамъиятӣ буду дар кирдори ӯ аломатҳои авбошӣ, мехостам ба ВКД шикоят барам. Баъди нашри пост раҳбари бонк бо ман дар тамос шуду асли қазияро фаҳмид. Ва хоҳиш кард, ки даъво накунам. Баъди узр пурсидани кормандашон аз даъво даст кашидаму ба мақомот шикоят нанавиштам. Ҳол он ки як гурӯҳи корӣ ҷамъ омада буданду ҳатто худи онҳо гуфта буданд, агар хоҳам шикоят кунам ва Хайриддинро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд. Аммо ман бо як узри шифоҳии Хайриддин ӯро бахшидам, то ин ки дар оянда карераи ин ҷавон нашиканад. Ва мудири ҷамъияти мазкур низ маро бовар кунонд, ки чунин кор такрор нахоҳад ёфт.

– Пас чӣ тавр кор то баррасии додгоҳӣ расид?

– Баъди тахминан аз як моҳ аз Додгоҳи шаҳри Ваҳдат маро тавассути телефон аз ворид шудани шикоят огоҳ карданд. Ҳайратзада шудаму билфосила ба мудири ҷамъияти мазкур дар тамос шудам.  Аз бону суол кардам, ки оё шумо набудед, ки аз ман гузашту бахшиданро хоҳиш кардед ва ман рад накардам. Ӯ гуфт, ки “даъвои шахсӣ аст, на даъвои бонк, аммо вай тамоми далелҳоро дар даст дорад”. Гӯё як корманди бонк, ки ҳар қадамаш дар ҷои кораш тибқи дастуру қоида сурат мегирад, бе иҷозати роҳбарияташ метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад. Ин ҳам дар музофот. Эътимод карданам ба роҳбарони бонки “Эсхата” иштибоҳ буд. Се-чор ҳафта баъд аз ҳодиса аз ҳамон ҳолату дашномдиҳӣ азият мекашидам. “Чӣ бало буд ба сарам омад” гуфта. Баъди занг аз Додгоҳ худамро мазаммат мекунам, ки хушбоварам. Акнун мехоҳам фарёд занам, ки “Ҳой мардум, на танҳо ба як касе, ки дар ҷои ҷамъиятӣ ба зан ҳақорат мефиристад ҳаргиз бовар накунед, балки ба онҳое ҳам аз ин гуна касон пуштибонӣ мекунанд!”. Ҳамин хел 3 моҳ боз гирифторам. Вазъи руҳиям то ҷое хароб шуд, ба назарам.

-Пушаймон нашудед, ки як касро бахшидеду худро саргардон кардед?

-Не. Пушаймон нестам. Чунки бахшидан ба умеди ислоҳ аз ҳиммату одамгарӣ аст. Умедворам, ки ин саргардонӣ маро нерӯмандтар мекунад.

– Маъмулан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъд аз оғози ислоҳи пулис бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ба ҳар навору шикояти шаҳрвандон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд сари вақт расидагӣ мекунанду хилофкоронро ба чавобгарӣ мекашанд. Аммо чаро дар қазияи шумо ин кор иттифоқ науфтод? Баррасии он нигошта хеле густурда ба назар мерасид…

– Бале, густурда буд. Аммо наметавонам гуфт, ки чаро ВКД ин мавридро пайгирӣ накард. Шояд барои он ки ин кор дар Душанбе рух надодааст? Аммо дуруст аст, ки аксари ҳолат аз руйи аксу наворҳо ва муроҷиат ин ниҳод беадабонро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд. Ҷамъоварии маълумот дар ин қазия барои ВКД кори осон буд. Ӯ дар ҳузури мизоҷон дағалӣ карда буду дашном дод.
Мутаасифона, дағаливу дашноми як марди бегона, он ҳам дар ҷои ҷамъиятӣ моҳҳо аз ёди одам намеравад. Ҳар вақт ба ёдат меояду азиятат медиҳад ва гоҳе ҳам бо “бало ба пасаш” аз зеҳн дур намешавад.

Ба ин нигоҳ накарда даъвогар Хайриддин Шарифзода 50 ҳазор сомонӣ талаби зарари маънавӣ дорад?

– Даъвогар иддио дорад, ки шаъну шарафи ӯро ман паст задаам. Ман, як бону дар назди мизоҷон аз суйи ӯ дашном шунидаму шаъну шарафи ӯ паст зада шудааст.  Ҳоло 25 ҳазор сомонӣ барои шаъну шараф ва 25 ҳазори сомонй барои шаъни кори талаб дорад. Ҷамъ 50 ҳазор сомонӣ. Вале дар додгоҳ бо чӣ далел исбот мекунад ва қазовати додгоҳ чӣ хоҳад шуд, вақт нишон медиҳад.
Аммо ман як зарра ҳам паст нахоҳам омад. Чун дар ин қазия ман ҷабрдида ҳастам. Айни ҳол арзи зиддидаъво пеш овардааму адвокат гирифтаам. Зарари маънавии ба ман расонидаро мутахассисон ҳудуди 160 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд. Ҳақро ба ҳақдор бояд расонд.

-Шароит барои фаъолияти касбӣ чӣ гуна аст?

– Дар умум хуб нест, аммо бади бад ҳам гуфта намешавад. Ҳамкасбону коршиносони расонӣ хубтар медонанд, албатта. Аммо ман бо ин ҳама фишори равониву азияти руҳӣ даргири ин шикоят ҳастам ва то ҷое аз кору касб канор мондаам. Аммо талошҳое дорам дар бахши датажурнализм.

-Cипос барои суҳбат.

Таҳияи Ҳарамгули Қодир

The post Мижгона Ҳалимова: Эътимод карданам ба роҳбарони бонки “Эсхата” иштибоҳ буд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.