Модари Азизбек аз вазир хост, омилони марги писараш боздошт шаванд. ВИДЕО

Модари як ҷавони фавтида дар ноҳияи Айнӣ аз вазири корҳои дохилӣ талаб дорад, ки ба қазияи марги фарзандаш расидагии қонунӣ шавад. Азизбек Раҷабов дар рӯзи Иди Қурбон дар як муноқишаи ҷавонон ҳалок шуд ва наздиконаш мегӯянд, гумонбари аслӣ дар озодӣ аст. Аммо пайвандони Ҳабибулло Бурҳонов, ки модари ҷавони фавтида ӯро муттаҳами асосӣ медонад, ин иддаоро рад мекунанд.

Нурбибӣ Самиева, модари Азизбек Раҷабов рӯзи 10-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор нафар фарзанди ӯро латту кӯб карда, ба ҳалокат расонданд, вале танҳо се нафари онҳо боздошт шуданд.

Самиева дар ҳодисаи ба сари фарзандаш омада Ҳабибулло Бурҳонов, як сокини деҳаи Ёвони ноҳияи Айниро гунаҳкори асосӣ медонад. Аммо наздикони Бурҳонов ин иддаоро рад карданд.

“Саркардаи кор Ҳабибулло Бурҳонов дасти амакбаччаи писарамро медорад ва намемонад, ки ӯ дахолат кунад. Агар ӯ дасти бачаи амакашро намедошт, кор ба куштор намеанҷомид. Инҳо пушту паноҳ доранд. Бисёр аламовар аст. Ман ягон талаби иловагӣ надорам бигзор қонун онҳоро ҷазо диҳад,”-гуфт Нурбиби Самиева.

Модари ҷавони фавтида афзуд, Бурҳонов бо истифода аз нуфузи оила, бахусус тағоҳояш тавонистааст аз ҷазо халос шавад. Чизе, ки хешовандони Ҳабибулло Бурҳонов онро туҳмат медонанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Бобохон Бобохонов, тағои Ҳабибулло Бурҳонов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва бародаронаш ба тафтишот дахолат накардаанд.

Ба таъкиди Бобохонов, айбдор будани ин ё он нафарро додгоҳ муайян мекунад ва агар фарзанди хоҳарашон дар муноқиша даст дошта бошанд, бигузор ӯро муҷозот кунанд.

“Инки мо ҷиянамонро аз ҷавобгарӣ озод карда бошем, мутлақо дуруғ ва туҳмат аст. Агар ӯ ҳамроҳ бошад, бигзор мақомоти ҳифзии ҳуқуқ тафтишоти пурра баранд”,-афзуд ӯ.

Муноқиша миёни ҷавонони ду деҳа дар ноҳияи Айнӣ, ки бо марги як нафар анҷомид, рӯзи 31-уми июл рух додааст. Бо гузашти ҳудуди якуним моҳ ҳанӯз мақомот сабаби аслии занозании ҷавононро нагуфтаанд. Танҳо модари Азизбек Раҷабов ва пайвандони дигараш дар суҳбати пешинаи худ бо Радиои Озодӣ ишора карданд, ки ин ҳосили “хусумати байни деҳаҳои Ревад ва Ёвони ноҳияи Айнӣ аст”.

Пайвандони ҷавони фавтида аз амалкарди мақомоти интизомии ноҳияи Айнӣ норозӣ ҳастанд. Нурбибӣ Самиева, модари Азизбек Раҷабов дар номааш ба Вазири корҳои дохилӣ навиштааст, аз ҷониби мақомоти пулиси ноҳия, “бепарвоӣ ва беаҳамиятӣ нисбати ҳодиса ва чораҷӯи нисбати ҷинояткорон дида мешуд”.

Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар робита ба муноқишаи рӯзи 31-уми июл се нафар боздошт шуда, нисбати онҳо бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ ё расондани зарари вазнин ба саломатӣ парванда боз шудааст. Аз рӯи ин иттиҳом ба онҳо аз панҷ то понздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.

Сухангӯи ВКД мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаро Раёсати тафтишоти ВКД ба уҳда дорад ва “қонун ягон касро беҷазо намондааст ва рӯйпӯш ҳам намекунад”.

Як шикояти дигари модари фавтида ин аст, ки фарзанди ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд, аммо ба хотири сабук кардани ҷазои муттаҳамон, ӯро се рӯз зери дастгоҳ гузоштанд. Мақомот чунин ҳолатро рад карда мегӯянд, дар ҳама ҳолатҳое, ки як шахси латту кӯбшуда ба беморхона интиқол меёбад, пулис ба зудтарин фурсат огоҳ карда мешавад.

Бо гузашти беш аз як моҳ муноқишаи ҷавонони ду деҳаи ноҳияи Айнӣ ва ҳалокати як нафари онҳо норӯшаниҳои зиёде дорад. Модари ҷавони фавтида мегӯяд, ӯ барои ҷустуҷӯи маркаб ба деҳаи ҳамсоя рафт, аммо наздикони боздошшудаҳо мегӯянд, бояд тафтишот ба қазия рӯшанӣ андозад.

Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти доғ табдил ёфтааст. Дар чунин занозаниҳо гоҳе ҷавонон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекунанд ва ба захмӣ шудан ё марги якдигар сабаб мегарданд.

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.