Модари Давлат Худоназаров ва Далер Назаров даргузашт
Нодирамоҳ Қадамшоева, модари сиёсатмадору коргардони маъруфи тоҷик Давлат Худоназаров ва овозхони шинохта Далер Назаров дар 97-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Қадамшоева ҳамсари вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров буд. Ӯ дар гузашта ба ҳайси ровии Радиои Хоруғ ва мусаҳҳеҳи нашрияи “Бадахшони Советӣ” кор кардааст.
Қадамшоева як ҳафта пеш аз ҷашни таваллудаш ва дар рӯзи 60-солагии писараш Далер Назаров ҷон дод. Пайвандонаш мегӯянд, маросими видоъ бо ӯ дар Душанбе дар назар аст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо нафар ба Далер Назаров ва Давлат Худоназаров изҳори таслият гуфтаанд.
Манбаъ: ozodi.org