Модари тоҷикро барои қатли 4 фарзандаш ҷазои сахте доданд. ВИДЕО

Додгоҳи ноҳияи Кушониён як модари тоҷикро ба қатли чаҳор фарзандаш гунаҳкор донист ва ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Муҳокимаи Назокатхон Тоҳирова рӯзи 10-уми декабр баргузор шуд ва додрас гуфт, ки иттиҳоми “куштор бо бераҳмии махсус” собит шуд ва сахттарин ҷазо дар Тоҷикистон барои ӯ сазовор донист. Вакили дифои Назокатхон Тоҳирова аз изҳори назар дар бораи ҳукм худдорӣ кард, вале шавҳараш Муҳаммадҷон Тоҳиров гуфт, ки аз ҳукм қаноатманд аст.

Фоҷиаи мазкур рӯзи 9-уми сентябри имсол рух дод. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки “сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии махсус фарзандони 9, 8, 6 ва 1-солаи худро, пай дар пай бо роҳи бастани дастону пойҳояшон ва дар сарашон пӯшонидани селофан бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст”.

Мақомот модарро ташхиси равонӣ карданд ва табибон гуфтаанд, ки ӯ солим аст ва вақти ҷиноят медонист, ки чӣ кор мекунад. Ҳамчунин гуфта мешуд, ки ин зан мехост, баъди қатл худкушӣ кунад, вале бо вуҷуди ин то кунун возеҳ нест, чаро модар фарзандонашро куштааст.

Дар солҳои ахир чанд ҳодисае расонаӣ шуд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандон қасд ба ҷони худ карданд. Моҳи августи соли ҷорӣ як зани 30-сола дар ноҳияи Рашт худ ва се кӯдакашро ба дарё партофта, худкушӣ кард. Кӯдакон 3, 6 ва 9-сола буданд.

Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Пеш аз ин як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, худ наҷот ёфт, вале боис ба ҳалокати се кӯдакаш шуд.  Афсурдагӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва ноогаҳӣ аз бемориҳои равонии занро аз сабабҳои ин фоҷиаҳо медонанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.