Молдова шаҳрвандии “Попа”-ро рад кард. Тоҷикистон шиносномаи “Табаров”-ро шарҳ намедиҳад

Мақомоти Молдова гуфтанд, ки ба шаҳрванди Русия Александр Петров  бо номи “Николай Попа” шиносномаи шаҳрванди Молдоваро надодаанд. Дар ин бора рӯзи 20-уми апрел дар  изҳороти Оҷонсии хадамоти давлатии Молдова навишта шудааст, ки пораҳояшро хабаргузории русии ТАСС нашр намуд. Оҷонсии хадамоти давлатии Молдова масъули таҳияи шиносномаҳо дар ин кишвар мебошад.  

 Дар изҳороти ин ниҳод, аз ҷумла, омадааст: “Шаҳрванд бо маълумотнома ба номи Николай Попа, санаи таваллудаш 18-уми июли соли 1979, дар феҳристи Давлатии аҳолии Ҷумҳурии Молдова ба қайд гирифта нашудааст. Шиноснома бо рақами  A3194368 ба номи шахси дигар ва таваллудшуда дар дигар рӯз дода шудааст”. Ин ниҳод гуфтааст, ки нашри ҷузъиёти дигари марбут ба шиносномаи мазкур бидуни ризоияти дорандаи ин санад хилоф бо қонун дар бори ҳимояти маълумоти хусусӣ мебошад.  

Мақомоти Чех рӯзи 17-уми апрел гуфтанд, ки шаҳрвандони Русия Александр Петров ва Руслан Боширов ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ дода шудаанд ва ин нафарон дар таркиши анбори силоҳе дар деҳаи Врбетитсе дар шарқи Чех дар таърихи 16-уми октябри соли 2014 даст доранд. Полиси Чех гуфт, ки Петров ва Боширов аз 11 то 16-уми октябри соли 2014 дар Ҷумҳурии Чех буданд ва шиносномаҳои шаҳрванди Молдова ба номи Николай Попа, санаи таваллудаш 18 июли соли 1979 ва шаҳрванди Тоҷикистон – Руслан Табаров, санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975-ро дар даст доштанд.  

Боширов ва Петровро гумонбари аслии заҳролудкунии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш дар Бритониё дар соли 2018 медонанд ва иттиҳомоти ахири мақомоти Чех моҷарои нави дипломатии миёни Маскав ва Аврупоро барангехт. Аз ҷумла, аввалин тасмими баъди ин изҳорот ихроҷи  18 дипломати рус ва 20 дипломати чех аз қаламравҳои Маскаву Прага шуд.   

Бино ба маълумоти мақомоти амниятии чех, Петров ва Боширов  аз Русия бо шиносномаҳои русии худ вориди Чехия шуда, шиносномаҳои тоҷикӣ ва молдовиро танҳо ҳангоми вуруд ба анбори аслиҳаи Врбетитсе ба кор бурдаанд. Дар ин замина гуфта мешавад, онҳо аз номаи фармондеҳии Горди Миллии Тоҷикистон истифода карда, ҳадафи худро шиносоӣ бо анвои силоҳ ва муҳимоти ҷангии мавриди фурӯш номидаанд.

Дар ҳоле, ки мақомоти Молдова чор рӯз баъди изҳороти мақомоти Чех  мансубияти шиносномаи шаҳрванди Молдоваро ба гумонбари ташкили таркиш дар Ҷумҳурии Чех рад карданд, дар Тоҷикистон мақомот мегӯянд, ҳанӯз барои шарҳи ин қазия омода нестанд. Аз ҷумла, рӯзи 19-уми апрел дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин қазияро аз матбуот шунида мавриди таҳқиқ қарор додаанд.  ВКХ гуфт, феълан барои шарҳи ин хабар омода нестанд ва танҳо баъди санҷидани ин қазия дар ин бора сӯҳбат хоҳанд кард.  Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон баъди соли 2018 ҳам дар заминаи гӯё зодаи Душанбе будани яке аз   гумонбарони заҳролудкунии Скрипалҳо – Боширов шарҳе надоданд. Он замон матбуот ошкор кард, ки дар шиносномаи Боширов навишта шудааст, ки ӯ 12 апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, сокини манзиле дар кӯчаи Болшая Набережная дар шаҳри Маскав аст, вале таҳқиқоти журналистон инро тасдиқ накард.  

Молдова як ҷумҳурии собиқ шӯравӣ аст, ки сиёсати хориҷии аврупоигароиро пеша кардааст. Тоҷикистон Русияро як муттафиқи сиёсӣ ва шарики стратегии худ медонад ва дар ин кишвар ҳамасола ҳудудан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҷӯёи кор мегарданд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.