Мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” аз Ӯзбакистон кӯмак буданд ё хариди хешовандони президент?

  • Манобеи молӣ: Ба ҷомеа ҳисоботи молӣ намедиҳад

Маводи таҳқиқшаванда

Таджикская компания «Лесинвест» купила для медучреждений машины скорой помощи

Таджикская компания ООО «Лесинвест» приобрела за счет собственных средств из Узбекистана 8 автомобилей скорой помощи Damas Ambulance.

MediaMarker

Хабаргузории “Азия плюс” нахуст аз равон кардани мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” хабар дод, ки кӯмаки Ӯзбакистони ҳамсоя унвон мешуданд, сипас онро пинҳонкорона ҳазф карду иттилоъ дод, ки мошинҳоро ширкати “Лесинвест” аз Тоҷикистон харидааст, вале нагуфт, ки ширкат моли кист. МедиаМаркер таҳқиқ кард…

  • Хабари якум бо сарлавҳаи “Узбекистан отправил в Таджикистан партию автомобилей скорой помощи” гӯё дар такя ба сомонаи UzAuto Motors нашр шуда буд. Айни ҳол он дар сайти хабаргузорӣ вуҷуд надорад. Масъулон онро аз сомона ва саҳфаҳои расона дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок карданд. Аммо “изҳое” аз он дар шабака монд:
  • “Азия плюс” ин хабарро бидуни огоҳӣ ё эътирофи ислоҳи хато пок кард, ки беэҳтиромӣ ба корбарон буда,  хилофи талаботи  Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад.  Ҳадафи пок кардани хабари якум то нашри хабари дуюм номаълум буд.
  • Хабари дуюми расона  “Таджикская компания «Лесинвест» купила для медучреждений машины скорой помощи” ном дорад, ки дар он сухан айнан аз ҳамон ҳашт мошин меравад.
  • Дар ин хабар ҳич иттилоъ аз хабари пешинаи “Азия плюс” нест, вале  сомонаи CentralAsia ба он муттаҳам шудааст, ки аз “тақдими мошинҳо ба Тоҷикистон” иттилоъ додааст.
  • Дар хабари дуюм “Азия плюс” таъкид мекунад, ки ин мошинҳоро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Лесинвест” харидааст ва “мехоҳад ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон диҳад”, аммо дарҷ накардааст, ки ройгон медиҳад ё мефурӯшад.
  • Расона бархилофи усули рӯзноманигории дақиқ ва пурра будани иттилоъ ба хонанда нагуфтааст, ки гардонандаҳои аслии ширкати “Лесинвест” фарзандони Шарифбек Давлатов, қудои Президенти Тоҷикистон буда, фурӯши мошинҳои истеҳсоли Ӯзбакистонро ин ширкат инҳисорӣ кардааст. UzAuto Motors шарики вобастаи “Лесинвест” мебошад.
  • Аҷиб аст, ки ширкати UzAuto Motors низ дар бораи мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” хабарро нашр карда буд. Хабар “Uzauto_motors_tojikistonga_tez_yordam_avtomobillarni_yubordi” ном дошту дар он сухан аз кӯмак мерафт. Ҳадди ақал се расона: Спутник, Авеста ва Фараж дар такя ба он дар бораи кӯмаки башардӯстона хабар таҳия карданд. Дар хабари ширкати ӯзбакистонӣ аз фурӯхта шудани ин мошинҳо ба ширкати тоҷикистонӣ ҳич маълумоте набуд. Акнун он хабар низ ҳазф шудааст.
  • Ҳамин тариқ, маълум нест, ки мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” кӯмаки башардӯстона аз кишвари ҳамсоя будаанд ё моли харидани ширкати хешовандони президенти Тоҷикистон.
  • Бо назардошти нуктаҳои зикршуда ба хабари “Азия плюс” маркери “Хабари беэътимод” зада шуд, ки зимни таҳияи Рейтинги эътимоди ҷомеа ба ВАО ба инобат гирифта мешавад.
  • Маврид ба зикр аст, ки ин севумин амали шубҳаомези хабаргузории “Азия плюс” дар рӯзгори куруноӣ мебошад. Дирӯз ин расона аз “кӯмаки башардӯстонаи” гуруҳи ширкатҳои “Авесто гуруҳ” иттилоъ пахш карду чанде пештар аз “набудани КОВИД-19 дар Секунҷаи муғулӣ”, ки фейк буд. Аммо фош шудани ин амалҳоро гуруҳи расонаии “Азия плюс” нодида гирифта, аз хонандагонаш узр напурсид.

The post Мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” аз Ӯзбакистон кӯмак буданд ё хариди хешовандони президент? appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.