Мошини бомбгузоришуда дар назди пойгоҳи Русия дар Сурия таркид

Мошине, ки зоҳиран дар дохили он маводи тарканда ҷойгир шуда буд, дар наздикии пойгоҳи Русия дар вилояти Раққаи Сурия таркидааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд.

Гуруҳи “Ҳуррас ал-Дин”-и марбут ба созмони тундрави “Ал-Қоида” масъулияти ин ҳамларо бар душ гирифтааст.

Созмони нозири ҳуқуқи инсон, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад ва ҷанги Сурияро пайгирӣ мекунад, аз “захмӣ шудани чанд сарбози рус” хабар додааст.

“Ду мард мошинро дар назди пойгоҳи низомӣ гузоштанд ва худ аз он поён шуда, сӯи пойгоҳ тир паррондаанд. Ҳангоме, ки онҳо фирор мекарданд, мошин таркидааст”,–хабар додааст, ин созмон.

Як хабаргузории маҳаллӣ хабар додааст, ки панҷ ҳамлагар ба пойгоҳи низомии Русия кушта шудаанд.

Ҳанӯз мақомоти Русия ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Русия аз тарафдорони режими Башор Асад дар Сурия аст ва бо даъвати ин режим дар ин кишвари Ховари Миёна ҳузури низомӣ дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.