Муҳаммад Султонов, футболбози зодаи Тоҷикистон, аз “Ротор” ба “Нижний Новгород” гузашт

Футболбози машҳур Муҳаммад Султонов, ки зодаи Тоҷикистон аст, аз дастаи Премйер-лигаи Русия – “Ротор”-и Волгоград – ба бошгоҳи дивизиони якум – “Нижний Новгород” гузашт. Ӯ бо бошгоҳи нави худ рӯзи 9-уми сентябр шартномаи дусола баст. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи шаҳри Нижний Новгород хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммад Султонов дар суҳбат бо хадамоти матбуотии даста гуфт, “сеюним соли ҳаётамро ба “Ротор” бахшидам. Ба клуби Волгоград замоне омадам, ки даста нав ба ФНЛ (Лигаи миллии футбол) ворид шуда буд. Шаҳр ҳанӯз як варзишгоҳи муосир надошт. Бояд гуфт, ки дар ташаккули даста бевосита иштирок кардаам. Азбаски мухлисони “Ротор” дар бораи ман суханони хуб мегӯянд, ин маънои онро дорад, ки ман он ҷо беҳуда бозӣ накардаам.”

Ин нимҳимоятгари 27-сола дар бораи сабаби асосии гузариши худ ба бошгоҳи “Нижний Новгород” чунин гуфтааст: “Бисёр бачаҳо аз клуби “Нижний Новгород” қаблан дар дастаи «Ротор» бозӣ кардаанд ва сармураббӣ Роберт Евдокимов низ дар он ҷо кор мекард. Ман бо талаботи Роберт Геннадевич хуб ошно ҳастам, бо бисёр бачаҳо шарафи “Ротор”-ро ҳимоя мекардам. Ман инчунин бо Кирилл Готсук, бо Михаил Гашенков ва бо бачаҳои дигар бозӣ кардаам. Аз ин рӯ, умедворам, ки дар мутобиқшавӣ дар дастаи нав мушкиле пеш нахоҳад омад.”

Муҳаммад Султонов дар дастаи нав шумораи 14-ро гирифт. “Ман қаблан бо шумораи 22 дар “Ротор” ва”Шинник” бозӣ мекардам, аммо дар” Нижний Новгород ” ин шумора банд аст”, – гуфтааст Муҳаммад.

Ӯ ёдовар шуд, ки як замон дар дастаи мунтахаби ҷавонони Русия зери шумораи чордаҳ бозӣ мекард.

Дар Русия ба Муҳаммад Султонов лақаби Муха додаанд. Ба ин лақаб мухлисони “Нижний Новгород” мароқ зоҳир намуданд, зеро 25 сол пеш дар ин ҷо Мухаи дигар – Муҳсин Муҳаммадиев як ситораи ҳақиқӣ дар ҳайати “Локомотив”-и маҳаллӣ (ҳоло ин бошгоҳ пароканда шудааст) ҳунарнамоӣ мекард.

“Нижний Новгород” дар мусобиқаи Лигаи миллии футболи Русия ҳоло пас аз 8 бозӣ бо касби 13 имтиёз дар байни 22 даста дар ҷойи 11-ум қарор дорад. Дар назди даста вазифа гузошта шудааст, ки ба Премйер-лигаи футболи Русия роҳхат бигирад. Роҳбарияти бошгоҳи “Нижний Новгород” умедворанд, ки футболбози нав Муҳаммад Султонов ба даста дар иҷрои ин вазифаи душвор кӯмак хоҳад кард.

Муҳаммад Султонов 21-уми декабри соли 1992 дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ба дунё омадааст, аммо ҳамчун футболбоз дар Русия ба воя расидааст. Ӯ дастпарвари ССКА-и Маскав мебошад, ки дар ҳайати тими ҷавонони ин бошгоҳ ҳамчун ҳамлагар бозӣ кардааст.

Вай аз соли 2012 узви дастаи “Локомотив-2”-и Маскав буд. Дар ибтидои соли 2014 ба тими “Спартак-Нальчик” ва тобистони ҳамон сол ба дастаи “Тосно”-и Тосно гузаштааст. Баъдан дар тими “Шинник”-и Ярославл ҳунарнамоӣ кардааст. Аз соли 2017 дар дастаи “Ротор” бозӣ мекард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.