Муҳоҷири узбек дар Русия ба латтукӯби кудак айбдор мешавад 

Шаҳрванди 36-солаи Узбекистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо гумони расонидани зарари ҷисмонӣ ба писарбачаи 11-сола боздошт шудааст. Ин корманди пешини пулиси Узбекистон дар шикастани дасти кудаке айбдор мешавад, ки бо писараш меҷангид.

Вале ҳамсари гумонбар мегӯяд, ҷабрдида ва дӯстонаш пештар писари 10-солаи онҳоро таҳқир ва латтукӯб карда буд. Додгоҳи Санкт-Петербург 8 декабр қарор кард, ки шаҳрванди Узбекистон Ж. Э. то анҷоми тафтишот дар ҳабс бимонад.

Ба огаҳии Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербург, зидди муҳоҷири кории узбек бо банди “Қасдан расонидани зарари миёнаи ҷисмонӣ ба шахси ноболиғ” айб эълом шудааст.

Бар асоси маводи парванда, гумонбар 5 декабр дар майдончаи кудаконаи назди бинои зисташон писари худ ва кудаки 11-соларо, ки бо ҳам меҷангиданд, аз ҳам ҷудо мекунад ва ҷабрдидаро тела медиҳад. Дар натиҷа ӯ ба замин афтида, дасташ мешиканад.

Додгоҳ 8 декабр дархости кумитаи тафтишотӣ барои ҳабси пешакии гумонбарро қонеъ кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.