Муҳокимаи импичменти Трамп дар Сенат шурӯъ шуд

Сенати ИМА барои шурӯи мурофиаи импичменти собиқ президент Доналд Трамп овоз дод, вале интизор намеравад, ки ҳукми маҳкумияти ӯ содир шавад, чун аксар ҷумҳурихоҳҳо тарафдори айбдор эълон шудани Трамп нестанд. Дар оғози ҷаласа 56 вакил тарафдор ва 44 нафар мухолифи шурӯи мурофиа овоз доданд. Мурофиа ба ҳамлаи хушунатбор ба бинои Конгресс дар таърихи 6-уми январ рабт дорад, ки дар натиҷа 5 нафар кушта бар ҷой гузошт. Демократҳо мегӯянд, ки Трамп ҳамлаи издиҳоми тарафдоронаш ба бинои Капитолро таҳрик дода буд. Ба ҷонибдории шурӯи баррасии ин мурофиа шаш сенатори ҷумҳурихоҳ ҳам овоз доданд. Ҷумҳурихоҳҳои мухолифи ин мурофиа пойфишорӣ мекунанд, ки муҳокимаи президенти аз коррафта ғайриконститутсионӣ аст, вале демократҳо мегӯянд, ба ҷавобгарӣ кашидани президенти собиқ мутобиқ ба қонун мебошад. Худи Трамп, ки мурофиаро аз хонааш дар Флорида тамошо мекунад, ба навиштаи матбуоти амрикоӣ, аз далелҳои хушки ҳуқуқии тими дифоиаш ба хашм омадааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.