Муҳокимаи парвандаи рахна шудани Сардоба дар Тошканд идома ёфт

Дар Узбекистон муҳокимаи 17 нафаре, ки барои рахнаи маргбори як обанбор ба сӯистифода аз мақом, ғафлату бемасъулиятӣ ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд, дар Тошканд аз сар гирифта шуд. Муҳокима дар додгоҳи шаҳри Тошканд ва паси дарҳои баста идома дорад, чун баъзе аз маводи парванда сирри давлатӣ будааст.

Дар миёни ин 17 нафар мақомоти вазорати энержӣ, раҳбарони Ширкати давлатии роҳи оҳан, ширкатҳои сохтмонӣ, ки дар бунёди обанбор нақш доштанд ҳастанд ва муҳокимаашон рӯзи 21-уми декабр оғоз ёфт. Онҳо ҳамчунин ба сохтакории санадҳо, дуздии пули давлат ва беэътиноӣ ба қоидаҳои бехатарии тақсими об муттаҳам мешаванд.

Хешовандони баъзе аз муттаҳамон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, бисёриҳое, ки муҳокима мешаванд, бегуноҳанд ва гунаҳкорони аслӣ, яъне раҳбарони баландпоя ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд. Садди обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарё рӯзи 1-уми майи соли 2020 рахна шуд ва дар натиҷаи он 6 нафар ҳалок шуд ва хонаҳои 70 000 нафар зери об монд.

Дар Қазоқистон ҳам 600 хона осеб дид.  Обанбори Сардобаро баъди 7 соли сохтмон соли 2017 ба истифода доданд.  Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки баъди рахна шудани обанбори Сардоба киштзорҳои пахтаи онҳо зери об мондааст ва кишоварзон 400 ҳазор доллар зиён дидаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.