Муҳокимаи Трамп дар Сенат: Демократҳо хотима доданд, навбат ба ҳомиёни ӯ

Демократҳои Маҷлиси намояндагон рӯзи 11 феврал арзёбии мавқеи худ дар муҳокимаҳои президенти собиқ Доналд Трампро ба охир расонида, талаб карданд, ки ӯро дар таҳрик додани ҳамлаи издиҳом ба бинои Конгресс дар рӯзи 6-уми январ айбдор эълон кунанд. Раҳбарони Маҷлиси намояндагон дар муҳокимаҳо нақши додситонҳоро иҷро мекунанд.  Акнун навбат ба ҳуқуқшиносони Трамп дода мешавад ва онҳо шурӯъ аз 12 феврал 16 соат фурсат доранд, ки аз ӯ дифоъ кунанд. Ёварони Трамп гуфтанд, эҳтимол дорад, ки онҳо битавонанд дар як рӯз кори худро анҷом диҳанд ва интизор меравад, ки рӯзи 13-уми феврал овоздиҳӣ дар заминаи гунаҳгор эълон кардани Трамп баргузор шавад. Демократҳои Сенат ба 17 овози тарафдори ҷумҳурихоҳҳо эҳтиёҷ доранд, то ки Трампро гунаҳгор эълон кунанд, вале пешбинӣ мешавад, ки чунин мувофиқа ҳосил намешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.