Муҷозоти 13 шаҳрванди Узбекистон баъди эътироз ба набудани газ

Пулиси вилояти Самарқанди Узбекистон мегӯяд, 13 сокини маҳаллӣ, ки дар эътироз ба набудани газ роҳро баста буданд, муҷозот шуданд.

Ба огаҳии Раёсати пулиси вилоят, 13 сокини ноҳияи Самарқанд 26-уми сентябри соли равон роҳи мошингарди М-37-ро дар эътироз ба набудани газ баста буданд.

Эътирозгарон шикоят карданд, ки зарфи гази моеъро бори охир дар маҳаллаи онҳо моҳи июли соли равон тақсим кардаанд.

Сокинони норозӣ ба назди бинои ҳукумати ноҳияи Самарқанд рафтанд. Дар онҷо раиси ноҳия ва раҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоятию ноҳиявӣ бо онҳо мулоқот карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.

Пулиси Самарқанд қазияро тафтиш карда, санадҳоро ба додгоҳ фиристодааст.

Додгоҳи Самарқанд 27 сентябр 13 нафарро ба “авбошӣ” ва “ташкили тазоҳурот, ҳамоиши эътирозӣ, нақзи тартиботи ҷамъиятӣ” айбдор донистааст. Ду эътирозгар панҷрӯзӣ ва боқӣ ҷарима шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.