Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия барои соли таҳсили 2020-2021-ро эълон мекунад

ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии  «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки дар соли таҳсили 2020-2021 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва PhD дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Венгрия бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо гардидаанд.

Қабули хуҷҷатҳо тариқи онлайн дар сомонаи https://apply.stipendiumhungaricum.hu/ то 14 январи соли 2020 идома меёбад. Аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки баъди бақайдгирӣ ба тариқи онлайн худро дар Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” ҳатман номнавис намоянд.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (суроға: ш.Душанбе, кўчаи М.Турсунзода 47) тавассути телефонҳои боварии +992 37 2-21-18-83 ва 2-23-23-59 муроҷиат намоянд.

Қобили қайд аст, ки МД «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи давлатист, ки барои муаррифии муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ дар ҶТ ва фиристодани довталабон барои идомаи таҳсил дар онҳо вазифадор мебошад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.