Муассиси Nexta: Агар Лукашенко ба Гаага равад, ба ватан бармегардам

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Степан Путило, муассиси телеграмканали маъруфи Nexta, ки воқеаҳои охири Белорусро инъикос мекард, аз шартҳои бозгашташ ба Белорус гуфт.

  • Қаблан мақомоти Белорус аз кишвари Лаҳистон истирдоди Степан Путило, муассиси телеграмканали Nexta ва собиқ сармуҳаррири он Роман Протасевичро дархост карда буданд.
  • Дар посух ба ин дархости мақомот номбурдаҳо аз раисҷумҳури Белорус талаби хотима додан ба зулму ситам нисбати мардумро кардаву гуфтаанд, ки дар ҳолати ӯро ба Додгоҳи Гаага ирсол карданд, омодаанд, ки ба Белорус баргарднд.
  • “Хоҳиши ягона ин аст, ки дар тамоми олам шарманда шуданро дигар бас кунед бо эътирофи он, ки муҳаррирон ва муассисони 22-25 сола кулли режими шуморо ба шӯр меоваранд”, афзудааст, Путило.
  • Ёдрас мешавем, ки мақомоти Белорус аввали моҳи ҷорӣ нисбати муассис ва собиқ сармуҳаррири ин канал парвандаи ҷиноятӣ боз кардаву рӯзи 16-уми ноябр аз мақомоти Варшава дархости истирдоди фаврии онҳоро карданд.
  • Канали Nexta замони даст ба эътироз задани белорусиҳо пас аз натоиҷи интихоботи Президентии моҳи августи соли ҷорӣ баргузор шуда, маъруф гашт. Ин канал дар он замон ягона манбаъи иттилоъи боваринок буд, дар шароите, ки мақомоти Белорус интернетро қатъ ва дастрасӣ ба иттилоотро маҳдуд карда буданд. Кормандони ин канал ҳоло дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.

 

The post Муассиси Nexta: Агар Лукашенко ба Гаага равад, ба ватан бармегардам appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.