Мубоҳисаи онлайн бо Муҳиддин Кабирӣ дар остонаи интихобот

Барномаи омӯзиши Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба мубоҳисаи онлайн даъват кардааст. Масъулони барнома дар эълони расмӣ гуфтаанд, пурсишу посух бо Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 16-уми сентябр баргузор ва дар он вазъияти ҳозира ва ояндаи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Ин мубоҳиса дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон сурат мегирад. Илова ба ин, кишвар бо пайомадҳои бемории коронавируси нав, чолишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст. Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2015 ба ин тараф дар Аврупо паноҳанда аст. Дар Тоҷикистон ӯро ғоибона ба муддати тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот Кабирӣ ва зердастонашро барои даст доштан дар ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015, ки расман аз он кӯшиши табаддулот ном мебаранд, муттаҳам карданд. Худи ӯ борҳо ин иттиҳомро рад намудааст. Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд. Дар он панҷ номзад барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ вориди рақобат шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.