Муҳибуллоҳ Қурбон

Рӯзноманигор, ношир ва адиб.

Аз чеҳраҳои боризи ҳаракати миллӣ-озодихоҳии тоҷик дар солҳои ахири Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Он рӯзгор ба зиндагиву фаъолияти кории Муҳибуллоҳ Қурбон бетаъсир набуд. Хосатан, вақте ӯ дар доираи рӯшанфикрони пешсафи растохези миллӣ кор мекард. Аз ҷумлаи камтарин намояндаҳои он насл аст, ки ба арзишҳояш содиқ монд.

Муҳибуллоҳ Қурбон 3-юми марти соли 1948 дар деҳаи хушноми Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, барои идомаи таҳсил ба факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи педагогии шаҳри Хуҷанд дохил мешавад. Соли 1969 донишгоҳро ба итмом расонда, ба пешаи пуршарафи омӯзгорӣ машғул мешавад.

Шаш сол аз соли 1976 то соли 1982 дар шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи адабиёти Маскав таҳсил мекунад. Баъд аз омӯзгорӣ аз соли 1980 дар вазифаи мухбир дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” корро оғоз кардааст. Дар ин нашрия 10 сол фаъолият доштааст.

Соли 1990 ҳафтаномаи “Ҳафтганҷ”-ро дар назди ширкати давлатии “Хизмат” таъсис дод, ки аз нахустин нашрияҳое буд, ки унвони он бо ҳуруфи порсӣ чоп мешуд.  Нашри он аз соли 1991 оғоз шуда, соли 1993 мутаваққиф гардид.

Мисли садҳо рӯшанфикру фаъоли кишвар Муҳиббулоҳ Қурбон низ дар ин вақт бе ҷои кор мемонад. Барои дарёфти ҷои кор ҳамон сол дари сафорати ИМА дар Тоҷикистонро мекӯбад. Он вақт дафтари сафорати ИМА дар меҳмонхонаи “Авесто”-и Душанбе қарор дошт. Ҳудуди 17 сол дар сафорати ИМА дар вазифаи мушовири сиёсӣ кор мекунад.

Фаъолияташ дар сафоратро соли 2014 дар китоби ёдоштие бо номи “Дар сафоратхонаи Амрико ва берун аз он” рӯи чоп овардааст. Дар китоб ба нуктаҳои зиёди ҷолиби инсонсоз, назокати дипломатӣ ва давлатмеҳварӣ метавон вохӯрд, ки барои як инсон, ки ба шаклгирии ояндааш бетафовут нест,  дастурамал аст.

Соли 2008 маҷмӯи ҳикояҳояш бо унвони “Калобаи навард” рӯи чопро дид. Инчунин, дар соҳаи кинодраматургия ба гуфтаи худаш “қувва озмудааст”.  Аз рӯи филмнoмаҳoи ӯ сoли 1989 филми ҳунарии “Маҳбуб” аз ҷoниби кoргардoн Ёрмуҳаммад Аралев ва сoли 2011 аз рӯи cенарийи “Сoҳил”-кoргардoн Раҷабалӣ Пирoв филмҳои ҳунарӣ бардоштаанд.

Соли 2015 аз рӯи навиштаи ӯ “Агар дӯздӣ намебуд…” кoргардoн Муҳаммадрабии Исмoил дар Телевизиони “Сафина” филми ҳунарӣ таҳия кард. Муҳибуллоҳ Қурбон дар сoҳаи синамoи ҳуҷҷатӣ низ якчанд филмнoма навиштааст ва аз рӯи oнҳo филмҳoи ҳуҷҷатӣ гирифта шудаанд.

Соли 2015 як муддат Раиси Шӯрои муҳаррирони ҳафтаномаи “Нигоҳ” буд ва раҳбарии Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ”-ро ба уҳда дошт.

Инчунин, Муҳибуллoҳ Қурбoн барoи рушд ва тарғиби адабиёти бачагoна низ бo чoпи нашрияҳoи бачагoна “Гул-гул” ва барoи наврасoн “Гулчин”, ки дар oнҳo мунтазам асарҳoи адибoни тoҷик ва хoриҷӣ ба табъ мерасанд, низ саҳмгузoр аст.

Ӯ аз шахсиятҳоест, ки аз равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ худро бетараф намедонад. Ба аксари масоил аз нигоҳи милливу давлатмеҳварӣ бархурд дорад. Аз ҷумла хонандаи тоҷик ба навиштаҳои ӯ дар мавриди масъалаи баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон ошност.

Барои такмили ихтисос ва таҷриба ба наздики 30 давлати дунё сафар кардааст. Саёҳат ба кишварҳои олам, аз ҷумла кишварҳои мусалмоннишин аз машғулиятҳои дӯстоштааш мебошад.
Дар чанд соли охир ба ИМА, Туркия, Чин, Афғонистон, Арабистон, Бангладеш, Ҳиндустон, Малайзия, Аморати мутаҳидаи Араб, Қатар сафар доштааст. Аз якчанд кишварҳои Аврупоӣ дидан кардааст, аз ҷумла аз Фаронса, Олмон, Маҷористон, Австрия, Булғория, Руминия ва ғайра. Чандин бор ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ низ рафтааст.

Оиладор соҳиби шаш фарзанд мебошад.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.