Муҳиддин Олимпур қотилони худро мешинохт…

Имрӯз аз марги журналист, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик Муҳиддин Олимпур 24 сол сипарӣ шуд. Номбурда санаи 12 декабри соли 1995 аз тарафаи шахсони номаълум дар шаҳри Душанбе ба қатл расонида шуд.

Омили қатли Олимпур амсоли шаҳидони дигари ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Сайф Раҳимзоди Афардӣ номаълум боқӣ монд.

Мардони Муҳаммад, собиқ ҳамкори марҳум дар “БиБиСи” мегӯяд, ки ӯ аз охирин нафароне буд, ки Олимпурро ҳамроҳӣ мекард.
Номбурда дидори вопасини худро бо Олимпур чунин ба ёд меорад:

“Охири моҳи декабри соли 1995 дар Эрон бояд намоиши аксҳои Муҳиддин Олимпур баргузор мешуд. Санаи 12 декабр Муҳиддин Олимпур аз банда ва Нурмуҳаммад Холзода хоҳиш кард, ки ҳамроҳи ӯ барои ин намоиш аксҳои мувофиқ интихоб кунем. Олимпур худ медонист, ки кадом аксҳоро мебарад, аммо ба ҳар ҳол фикри моро пурсидан мехост. Ҳамин тавр, мо то дер дар коргоҳ мондем… Чун корамон ба охир расид, ҳар се аз дафтар берун шудем. Олимпур гуфт, ки автобус интизор мешавад, мо бошем хайрухуш карда пиёда ба хона рафтем. Саҳар вақте кор омадам, хабари марги Олимпур шунидам… Дар ибтидо бовар накардем.

Саёҳат Неъматова, ки корманди ҳукумат буд ба раиси Кумитаи давлатии бехатарӣ Сайидамир Зуҳуров занг зада ҳақиқат доштани хабарро пурсон шуд. Зуҳуров “ҳоло тасдиқ нашудааст”- гӯён гӯширо гузошт.

Ҳамин лаҳза нависанда Ӯрун Кӯҳзод вориди офиси мо шуда, гуфтанд: — Олимпурро дар назди ҷазира ба қатл расонида, ҷасадаш дар ҷӯйбор аст. Рафта ӯро саришта кунед… Вақте мо ҷониби ҷазира давидем, аз пешамон чанд корманди милитсия баромад. Онҳо аллакай Олимпурро бурда буданд.”

Ба андешаи Мардони Муҳаммад Олимпур ба эҳтимоли зиёд қотилони худро мешинохт, зеро ба мошини онҳо савор шуда аз Иттифоқи нависандагон то ба ҷазира омадааст.

“Ӯ аз истгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба автобус не ба мошин савор шудааст. Яъне ӯ ронандаи мошинро мешинохт… Ҷузъиёти марги Олимпурро нагуфтанд, аммо овозаҳо буд, ки ӯро киллери касбӣ бо ду тир куштааст.”

Баъди чандин сол Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 сокинони шаҳри Ваҳдат Адҳам Тоиров ва Назрибек Давлатовро ба қатли Муҳиддин Олимпур гунаҳкор дониста, аз озодӣ маҳрум карда буд. Вобаста ба ҳамин ҷиноят соли 2007 шаҳрванди дигари Тоҷикистон Аслам Усмонов ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Насрулло Шарифов баъди куштори Олимпур ба Русия фирор карда буд. Мақомоти муҳофизи қонуни Русия ӯро дар шаҳри Санкт- Петербург барои талаю тороҷ ба мӯҳлати 7 сол ҳабс карда буданд. Баъдан мувофиқи дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон Насрулло Шарифов ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ супорида, равонаи зиндон шуд.

Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. Дар солҳои гуногун дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат» (1983), ҳамзамон ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, мудири бахш дар оҷонси давлатии иттилоотии ТоҷикТА (имрӯза «Ховар»)(1970-1979) ва сар аз соли 1990 то замони кушта шудан ба ҳайси мудири бахши душанбегии радиои ВВС фаъолият кардааст. Муаллифи силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ ва ду китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ мебошад.

Ӯ аввалин журналистест, ки аз Тоҷикистон ба Аврупову Амрико ва Эрону Афғонистон ба суроғи форсизабонони маъруфи дунё рафт ва робитаи тоҷиконро бо онҳо барқарор намуд. Натиҷаи сафари ӯ риштабарномаҳои радиоии “Аз Душанбе то Лос Анҷелос” буд, шунавандагони зиёде пайдо кард. Сарояндаҳои маъруф Саттор ва Гугушро маҳз ӯ ба тоҷикон шиносонид. Барномаи “Ситораи Шарқ”-и Муҳиддин Олимпур барои муаррифи ҳунармандони форсизабон нақши бориз дошт.

“Тоҷикистон”

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.