Муҳоҷир кист? Шеъри рӯзи Комрон Аслон

Чаро дар ҳар куҷо ҳарфи муҳоҷир аст
Ва ё ҳарфи мусофир аст?
Муҳоҷир ин ҳамон шахсе ки дар айёми наврустан
Қадам бар кӯчаҳои пирӣ бигзошта
Ба гӯшаш аллаи модар
Ба дӯшаш кашкули холӣ
Қадам берун бигзорад зи меҳан
Суоле дар сараш ҳар лаҳза мечархад
Ки оё бори дигар модарашро дар паси дарвоза мебинад?
Муҳоҷир кист?
Муҳоҷир марди танҳо дар миёни зиндагиву марг
Муҳоҷир кист?
Муҳоҷир як дарахти тирамоҳӣ холӣ аз сад барг
Муҳоҷир кист?
Муҳоҷир мисли Исои масеҳ
Дар чормехи зиндагонӣ аст
Муҳоҷир кист?
Муҳочир ин Юсуфи чоҳи ҳиҷрон аст
Ки бо дасти бародар зери чоҳ уфтод
Муҳочир кист?
Муҳоҷир ҳам азизон насли Инсон аст! 

Комрон Аслон 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.