Мухолифони Беларус: ба даври нави эътирозҳо омода мешавем

Мухолифони Беларус гуфтанд, ки ба даври нави эътирозҳо бар зидди раҳбари худкома Александр Лукашенко омода мешаванд, дар ҳоле, ки худи Лукашенко барои ҳодисаи фуруд овардани ҳавопаймо ва ҳабси журналисти оппозитсионӣ дар Минск мавриди фишорҳои нави байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Дар изҳороти муштараки раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская ва гурӯҳҳои дигари демократӣ, ки рӯзи 26-уми май нашр шуд, омадааст, ки  онҳо дар бораи ин ки Беларус “ба хотири амалҳои  беақлонаи режими ғайриқонунӣ ба “як нуқтаи сиёҳ”-и харитаи ҷаҳон табдил шудааст”, назари воҳид доранд. Дар изҳорот омадааст, ки “режим дар остонаи инзивои комили бесобиқа” қарор дорад. Мухолифон мегӯянд, “дигар баҳонае барои интизор нишастан буда наметавонад, бояд ин террор яку якбора ва барои абад хотима дода шавад”.

Изҳороти мухолифон се рӯз баъди он садо дод, ки рӯзи 23-юми май бо талаби мақомоти Беларус ҳавопаймои ширкати Ryanair аз хатсайри Атен-Вилнюс бозгардонида шуда, дар Минск фуруд омад ва мақомоти беларусӣ билофосила ду мусофири он – журналисти оппозитсионӣ Раман Пратасевич ва дӯстдухтари ӯ София Сапегаро боздошт карданд. Ба Пратасевич бо иттиҳоми ташкили намоишҳои ғайриқонунӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар вокуниш Иттиҳоди Аврупо гуфт, қабули ҳавопаймоҳои беларусиро дар хокаш манъ  ва  ҳам аз убури ҳарими ҳавоии Беларус худдорӣ мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.