Мухолифони Покистон ваъдаи сарнагунии Имрон Хонро додаанд

Раҳбарони мухолифин дар Покистон ваъда додаанд, ки ҳукумати сарвазир Имрон Хонро сарнагун мекунанд.

Ин ваъда дар як тазоҳуроте садо дод, ки аз ҷониби Ҷунбиши демократии Покистон ташкил шудааст ва ба он нӯҳ ҳизби сиёсӣ низ шомил шудаанд.

Навоз Шариф, сарвазири собиқ ва раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон, ки дар Бритониё қарор дорад, онлайнӣ дар ин тазоҳурот суханронӣ кард.

Нисбати ӯ дар Покистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ӯ дар моҳи август гуфта буд, ки тавассути эътирозҳо Хонро барканор мекунад.

Мухолифин Имрон Хонро ба он айбдор мекунанд, ки дар интихоботи соли 2018 аз кӯмаки низомиён барои пирӯзии худ истифода кардааст ва мухолифонро таъқиб мекунад.

Ӯ ин иттиҳомро рад кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.