Мукаррама Қосимова – муаллифи “Матни классикӣ” даргузашт

Мукаррама Қосимова, доктори илмҳои филологӣ ва забоншиноси маъруфи тоҷик рӯзи 2-юми октябр дар сини 87-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Маросими ҷанозаи ӯ соати 11 дар назди манзилаш дар Душанбе бо ҳузури мақомоти баландпояи давлатӣ, олимону донишмандон, шогирдон ва наздиконаш баргузор шуд. Ӯро дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурданд.

Аз Мукаррама Қосимова ба унвони тарғибгари хатти ниёгон ном бурда мешавад, ки дар ин замина талошҳои зиёде анҷом додааст. Китобҳои ӯ тайи солиёни зиёд дастури аслии омӯзиши хатти ниёгон дар мактабҳо ва донишгоҳҳои кишвар мебошанд. Ӯ аз муҳаққиқоне соҳибмактабе буд, ки то кунун беш аз 40 нафар зери раҳбарии ӯ рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоят кардаанд.

Мукаррама Қосимова узви вобастаи Академияи илмҳо ва узви Комиссияи аттестатсионии назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1955 солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои мухталиф дар ин боргоҳи илм кору фаъолият кард.

Бо ташаббуси Қосимова дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омузиши забонҳо таъсис ёфта ва дар он асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва арабиро меомӯзанд. Ӯ худ аз соли 2001 то 2009 раҳбарии ин марказро ба ӯҳда дошт.

Ба қалами ӯ зиёда аз 180 номгӯи асар ва интишороти илмӣ тааллуқ дорад. Ӯ барои хизматҳои илмиаш бо мукофоту ифтихорномаҳои зиёд сарфароз шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.