Муллифи «I Believe I Can Fly» дар истисмори шаҳвонии занону духтарон айбдор шуд

Дар ИМА овозхони маъруф Ар Келли (R Kelly), муаллифи оҳанги «I Believe I Can Fly» дар истисмори шаҳвонии занон ва духтарони ноболиғ гунаҳгор дониста шуд ва ба ӯ даҳсолаҳо зиндон таҳдид мекунад. Нашрияи The New York Times мегӯяд, дар қарори додгоҳи ҳакамии  Ню-Йорк рӯзи 27-уми сентябр омадааст, ки Ар Келлӣ давоми солиёни дароз даст ба истисмори шаҳвонии занон ва духтарони ноболиғ задааст.  Ин додгоҳ ҳукм кард, ки гуноҳи Ар Келли аз рӯи ҳамаи нӯҳ иттиҳом собит шудааст. Ин иттиҳомот марбут ба як ҳолати рэкет ва ҳашт ҳолати харидуфурӯши инсон бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ будааст. Ҳукми ниҳоии Ар Келли рӯзи 4-уми маи соли 2022 содир мешавад.

Мурофиаи додгоҳии Ар Келли моҳи август шурӯъ шуд. Дар додгоҳ 45 шоҳид баромад карданд. Қурбониёни ҷиноят дар бораи хушунати ҷинсиву ҷисмонӣ аз ҷониби Ар Келли хабар доданд. Аз ҷумла, гуфтанд, ки онҳоро маҷбуран пушти дар нигоҳ медошт, тамаъҷӯӣ  ва зиндагии онҳоро назорат мекард. Додситони ҳавзаи шарқии Ню-Йорк Жаклин Касулис гуфт, ки ҳукми додгоҳ собит кард, ки Ар Келли “ба хотири қонеъ кардани ҳиссиёти шаҳвонии худ бо истифода аз шӯҳрат ва сарваташ афроди ҷавону заъфпазирро шикор мекард”. 

Ар Келли ҳоло 54 сол дошта, авҷи маъруфияташ ба солҳои 1990-ум рост меояд. Ӯ дар жанри RʼnʼB тарона иҷро мекунад ва барандаи се ҷоизаи бонуфузи мусиқии  «Грэмми» мебошад.

Додгоҳи ахир дар ҳолест, ки 13 сол пеш дар як мурофиаи марбут ба порнографияи кӯдакон Келли тавонист бегуноҳ барояд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.