Мулло Бародар дар навори аудиоӣ гуфт, ки кушта нашудааст

Шарики бунёдгузори “Толибон” ва ҳоло иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири Афғонистон Абдулғанӣ Бародар рӯзи 13 сентябр бо пахши як изҳороти аудиоӣ хабарҳоро дар бораи кушта шуданаш рад кард. Хабари он ки вай ҳангоми тирпаронӣ дар Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба расонаҳои ахбори ом гузашт ва махсусан дар Ҳиндустон густариши бесобиқа ёфт. Ин хабар ҳамчунин дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн ва тарафдорӣ шуд.

Абдулғанӣ Бародар, ки ҳафтаи гузашта баъд аз Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд шахси дувуми ҳукумати “Толибон” эълон шуд, хабари кушта шуданашро “дурӯғ ва таблиғ” номид. Вай гуфт: “Расонаҳо аз мурдани ман хабарҳо додаанд.” Вай афзуд: “Чанд шаби охир ман дар сафар будам. Ҳоло дар куҷое ки бошам, ҳамаамон хуб ҳастем, ҳама бародарон ва дӯстони ман.»

Хабари марги Бародар ин тафсилотро ҳам дошт, ки вай аз тарафи ҷиноҳи дигари “Толибон” дар баҳс сари тақсими мансабҳо кушта шудааст. “Расонаҳо ҳамеша таблиғоти қалбакӣ нашр мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамаи ин дурӯғҳоро далерона рад кунед ва ман ба шумо 100 дарсад тасдиқ мекунам, ки ҳеч мушкиле нест ва мо мушкиле надорем,” – гуфта мешавад дар ин изҳороти аудиоӣ ё садоӣ.

Санҷишу тасдиқи дурустии ин навор номумкин аст, аммо он дар сомонаҳои расмии “Толибон” – аз ҷумла сухангӯи дафтари сиёсии ҳукумати нав нашр шудааст.

Дар бораи раҳбари “Толибон” Ҳибатуллоҳ Охундзода, низ овозаҳое паҳн шудааст, ки гӯё ӯ чанд сол пеш мурдааст, вале сухангӯи ин гурӯҳ пас аз ду ҳафтаи гирифтани Кобул гкуфт, ӯ зинда ва дар Қандаҳор аст. Корбарони шабакаҳо дар Покистон ва Афғонистон ҳадс зада буданд, ки ӯ ба COVID-19 гирифтор ё дар бомбборон кушта шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.