Мулоқоти И. Сатторӣ бо раиси кумитаи Дума оид ба ИДМ

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робита бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  роҳҳои татбиқи тавофуқотеро баррасӣ намуд, ки зимни сафари Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ба Русия дар моҳи ноябри соли 2020 ба даст омадааст. Мулоқоти сафири тоҷик бо узви Думаи давлатии Русия дар ҳолест, ки тақрибан як сол инҷониб марзи Русия ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар пандемия баста боқӣ мемонад. Муҳоҷирони кории тоҷик имкони сафар ба ин кишварро надоранд. Тоҷикистон ним сол қабл омодагии худро барои боз кардани равуо ва парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар эълон карда буд. Аммо Русия ба ин дархости Тоҷикистон то ба ҳол посухи мусбат надодааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.