Мулоқоти Путин бо Пашинян ва Алиев

Ду моҳ баъди имзои созиши оташбас дар минтақаи Қаробоғи кӯҳӣ, раҳбарони Озарбойҷону Арманистон бо президенти Русия Владимир Путин мулоқоте барпо мекунанд. Дар изҳороти Кремл гуфта шуд, ки президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва нахуствазири Арманистон Никол Пашинян дар мулоқоти рӯзи 11-уми январ масоили марбут ба иҷрои созишномаи сулҳро баррасӣ мекунанд. Дар оғози мулоқот бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва  нахуствазири Арманистон Никол Пашинян, Путин гуфт, ки шартҳои созишномаи сулҳ бомуваффақият иҷро мешавад, ки ин  барои  хатми низои даҳсолаҳои ахир замина мегузорад. Ӯ гуфт, ки дар ин мулоқот масоили марбут ба “фаъолияти нирӯҳои посдори сулҳи Русия, агар зарур шуд, мушаххас кардани хати демаркатсионӣ, ҳалли масоили башарӣ ва ҳимояти маконҳои фарҳангӣ” баррасӣ мешавад.

Дар изҳороти қабл аз мулоқоти Кремл гуфта шудааст, ки дар нишаст “масъалаи ироаи кӯмакҳо ба сокинони манотиқи осебдида аз ҳаводиси ахир ва ҳам мушкилоти барқарории  тиҷорату роҳҳои нақлиётӣ” баррасӣ мешавад.   

Бар асоси созиши оташбаси 9-уми ноябр имзошуда, баъди тахминан 30 сол бахши муҳими минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳам ҳафт ноҳияи атрофи он таҳти назорати маъмурияти Озарбойҷон бармегардад. То ҳол бисёр ҷузъиёти созишномаи имзошуда норӯшан боқӣ мемонад, аз ҷумла, маълум нест, ки мақоми сиёсии ниҳоии Қаробоғи Кӯҳӣ чӣ мешавад. Барои Арманистон масъалаи зиндониҳои ҷанг ва ҷустуҷӯи афроди гумномшуда доғ боқӣ мемонад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.