Мулоқоти Путин бо раҳбарони Арманистону Озарбойҷон

Ду моҳ баъди имзои созиши оташбас дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ, президенти Русия Владимир Путин раҳбарони Озарбойҷону Арманистонро барои музокира даъват кардааст. Дар изҳороти Кремл гуфта шуд, ки президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва нахуствазири Арманистон Никол Пашинян дар мулоқоти рӯзи 11-уми январ масоили марбут ба иҷрои созишномаи сулҳро баррасӣ мекунанд. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки дар мулоқот “масъалаи ироаи кӯмакҳо ба сокинони манотиқи осебдида аз ҳаводиси ахир ва ҳам мушкилоти барқарории  тиҷорату роҳҳои нақлиётӣ” баррасӣ мешавад. Қарор аст, мулоқоти Путин бо раҳбарони ду кишвар ба таври ҷудогона баргузор шавад.

Бар асоси созиши оташбаси 9-уми ноябр имзошуда, баъди тахминан 30 сол бахши муҳими минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳам ҳафт ноҳияи атрофи он таҳти назорати маъмурияти Озарбойҷон бармегардад. То ҳол бисёр ҷузъиёти созишномаи имзошуда норӯшан боқӣ мемонад, аз ҷумла, маълум нест, ки мақоми сиёсии ниҳоии Қаробоғи Кӯҳӣ чӣ мешавад. Барои Арманистон масъалаи зиндониҳои ҷанг ва ҷустуҷӯи афроди гумномшуда доғ боқӣ мемонад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.