Мулоқоти раҳбарони ИМА ва Бритониё дар остонаи G7

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон  ва президенти ИМА Ҷо Байден дар мулоқоти рӯбарӯяшон рӯзи 10 июн тааҳҳуд карданд, ки  ҳамкориҳои дарозмуддати миёни ду кишварро тақвият медиҳанд. Мулоқот дар остонаи ҷаласаи Гурӯҳи Ҳафтгона (G7) баргузор шуд, ки қарор аст 11 июн шурӯъ ба кор кунад. Дар меҳвари  ҷаласаи ду раҳбар мавзӯъҳои тағйироти иқлим, пандемияи COVID-19 ва амният қарор дошт. Ҷонсон баъди ин ҷаласа гуфт, “тахминан 1 соату 20 дақиқа сӯҳбат кардем. Ин як ҷаласаи тӯлонӣ ва хеле хуб буд. Мо бисёр масоилро баррасӣ намудем”.

Байден нахустин бор дар мақоми президенти ИМА аз Бритониё дидан мекунад. Дар қиёс бо президенти пешин Доналд Трамп, ки гуфтааст, “Аввал Амрико аст”, Байден ба сиёсати хориҷӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.