Мулоқоти раёсати USAID дар Тоҷикистон бо вазири тандурустӣ

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии кории раёсати USAID ё Ожонси ҳамкориҳои байналмиллатии ИМА бо Вазири тандурустии Тоҷикистон  самтҳои асосии ҳамкорӣ баррасӣ шудаанд. Ғизо барои кӯдакон аз мавзуъҳои аслии баррасӣ будааст. 

  • Ба иттилоъи вазорат  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Кит Симонс, директори иҷроияи миссияи USAID дар Тоҷикистон ва Кэтрин Олвенс, роҳбари барномаҳои тандурустии USAID дар Тоҷикистон мулоқот намудааст.
  • “Бо анҷом ёфтани фаъолияти лоиҳаи  “Cаломатӣ ва ғизо” дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020, лоиҳаи нави «Модари солим-кӯдаки солим», ки барои беҳтар намудани вазъи саломатӣ ва ғизогирии модарон, инчунин кӯдакони синнашон то 5 сола тавассути хизматрасонии тиббӣ дар оила, ҷомеа ва муассисаҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон соли 2021 оғоз гардид”- омадааст дар иттилоъии вазорат.
  • Гуфта мешавад мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобила доир гардида, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд. Аммо  маълум нест, масъалаи воксинзанӣ аз вируси куруно баррасӣ шудааст ё на. Пештар иттилоъ паҳн шуда буд, ки Тоҷикистон интизор дорад, ки ба воксинҳои амрикоӣ дастрасӣ пайдо мекунад.
  • Маврид ба зикр аст, ки ИМА аз кишварҳои асосии кӯмакрасон ба Тоҷикистон буда, дар даврони Истиқлолият ба мардуми Тоҷикистон беш аз 1 млрд. доллар кӯмакҳои башардӯстона расонида, дар чорчуби тақвияти амнияти минтақавӣ низ кӯмакҳои моливу техникӣ ироа мекунад.

The post Мулоқоти раёсати USAID дар Тоҷикистон бо вазири тандурустӣ appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.