Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Котиби Шӯрои олии амнияти миллии Эрон

ДУШАНБЕ, 04.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Котиби Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Шамхонӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба  иҷрои Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи амниятро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати амалӣ кардани бандҳои ин санад таъкид карданд.

                                                                                  АКС  аз ВКХ ҶТ

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.