Мулоқоти Трамп ва Пенс дар пасманзари талошҳо барои барканории президенти ИМА аз мақом

Президенти ИМА Доналд Трамп ва муовини ӯ Майк Пенс шоми 11-уми январ мулоқот каданд ва ин чун аломати то охири мӯҳлати президентӣ дар мақомаш боқӣ мондани Трамп арзёбӣ шуд. Дар паи ҳамлаи издиҳоми тарафдорони Трамп ба бинои Конгресс ҳафтаи гузашта, Конгресс талош дорад Трампро барои таҳрики ин амалҳо пеш аз мӯҳлати анҷоми раёсатҷумҳуриаш дар таърихи 20-уми январ аз мақомаш барканор кунад. Мулоқоте, ки шоми душанбе дар дафтари кории Трамп барпо шуд, аввалин бор баъди хушунатҳои ҳафтаи гузашта дар Капитол баргузор шуд. Мақомоти маъмурияти Трамп ба чандин матбуот гуфтанд, ки ин ду нафар “як гуфтугӯи хубе” доштанд.  Мақомот ишора карданд, ки Пенс дар талоши иҷро кардани талаби демократҳо барои татбиқи банди 25-уми қонун дар бораи пеш аз мӯҳлат аз мақомаш барканор кардани президент нест. Тибқи гузоришҳо, худи Пенс аз кори Трамп хашмолуд аст, ки бо баҳонаи беасоси тақаллуб шудани интихобот тарафдоронашро барои ҳамла ба бинои Капитол шӯронда буд. Айни замон, Трамп  Пенсро барои он интиқод кардааст, ки ба гуфтааш, натавонист натиҷаҳои интихоботро бозбинӣ кунад. Демократҳои Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ки агар Пенс бори дуюм ҳам натавонад Трампро аз мақомаш барканор кунад, дар ҷаласаи 13-уми январ бори дуюм заминаҳои импичмент ё радди салоҳияти Трампро матраҳ мекунанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.