Мунаввар Мансурхоҷаев, бунёдгузори синемои аниматсионии Тоҷикистон даргузашт

Раиси пешини Иттиҳоди кинематографистони Тоҷикистон ва бунёдгузори синемои аниматсионии Тоҷикистон Мунаввар Мансурхоҷаев рӯзи 15 апрел дар синни 80-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Вай пас аз хатми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон бо даъвати коргардони маъруф Борис Кимёгаров дар студияи “Тоҷикфилм” ба кор сар кард. Жанри мултипиликатсия ё филми аниматсионӣ дар Тоҷикистон бо талошҳои ӯ дар поёни солҳои 70-уми садаи гузашта пайдо шуда, нахустин филми вай “Моҳии гулдор” дар соли 1981 барандаи ҷашнвораи синемои Иттиҳоди Шӯравӣ гашт. Дар муддати кораш Мансурхоҷаев 8 филми мултипликатсионии тоҷикӣ ба навор гирифт. Вай иқрор мекард, ки ин соҳа аз мушкилтарин ва серхарҷтарин риштаҳои синемо буда, давлат ба рушди он диққати ҷиддӣ намедод. Бо вуҷуди ин бо талошҳоио ӯ ва шарикону шогирдонаш дар Тоҷикистон дар давраи Шӯрпавӣ зиёда аз 30 филми аниматсионӣ ба навор гирифта шудааст. Мунаввар Мансурхоҷаев дар давраи бисёр сангини Тоҷикистон, то соли 2016 раиси Иттиҳоди кинематографистони Тоҷикистон буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.